Тағйирёбии иқлим сарчашмаи офатҳои табиӣ

Паёмадҳои нохӯши тағйирёбии иқлим дар доираи гармшавии глобалӣ дар қатори дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эҳсос гардида истодаанд.

Зеро зиёда аз 70 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагӣ дошта, кишоварзӣ ва чорводорӣ соҳаи асосии даромади аҳолӣ башумор меравад, ки аз сабаби вобастагии бевоста доштан аз обу ҳаво, табиат ва шароити замин ба тағйирёбии иқлим осебпазиртарин ба ҳисоб меравад.

Обшавии пиряхҳо, аз меъёр зиёд гардидани дарёҳои асосӣ ва таъсири онҳо ба соҳаи кишоварзӣ ва муҳити зист махсусан дар мавзеъҳои кӯҳи ва наздикӯҳӣ танҳо якчанд намунае дар байни падидаҳои зиёди таъсири тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.

Тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.

Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, бузургтарин дастоварди мамлакати мо дар арсаи байналмилалист.

Зеро дар солҳои оҳир аз таъсири тағйирёбии иқлим пиряхҳои Тоҷикистон то 30% об шуда, ва ин тамоюл, мутаассифона, то ҳол идома дорад.

Масоҳати бузургтарин пиряхи қитъавӣ Ванҷях(Федченко) дар Тоҷикистон ба андозаи то 2 км коҳиш ёфтааст.

Гарчанде захираи пиряхҳои Тоҷикистон сарчашмаи ғизогирии дарёҳои минтақа бошад ҳам аз тарафи дигар бинобар дар сатҳи рекордӣ боло рафтани ҳарорати ҳаво боиси об гардидани пиряхҳо ва ба зиёд гардидани, офатҳои табиӣ гардида истодааст.

Гармшавии бесобиқи иқлим боиси тағйир ёфтани давраҳои гидравликӣ, обшавии ях ва пиряхҳо, баланд шудани сатҳи баҳр, хушкӣ ва мавҷҳои ҳавои гарм аз рӯи басомад шиддат, мушоҳида аз боришоти шадид ва обхезиҳо, инчунин таъсири манфии системаҳои экологӣ ва соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ-иқтисодӣ гардида истодааст.

Аз сабаби иқлими хушк, дар Тоҷикистон аллакай аз ҳосилнокии пасти кишоварзӣ, мушкилоти об ва талафоти баланд аз ҳисоби офатҳои табиӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Таъсири тағйирёбии иқлим алакай дар Тоҷикистон возеҳ буда, кишвар метавонад то ба 500 офатҳои табиӣ гирифтор шавад, ки дар натиҷаи он ҳамасола аз 20 то 100 миллион доллари ИМА талафот ва хисорот ба миён меорад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997 – 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3194 офати табиӣ ба амал омадааст, ки аз он 1371 ё 42,9% ҳодисаро сел, 550 ё 17,2%-ро тармафӯроӣ, 229 ё 7,2%-ро ярч,185 ё 5,8%-ро обхезӣ, 83 ё 2,6%-ро барфу хунукӣ, 58 ё 1,8%-ро хушксолӣ ва 53 ё 1,6%-ро борону жола ташкил додааст.

Зарари дар давраи солҳои 1997-2014 ба мардум ва иқтисодиёти кишвар расидаро коршиносон зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд, ки аз он зарари ҳамасола аз ҳисоби ҳодисаи сел ба вуқуъ омада, 15 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Соли 2001 аз ҳисоби хушксолӣ 5,4 миллион долари амрикои иқтисодёти Тоҷикистон зарар дидааст.

Давоми соҳои 2022-2023 бинобар аз меъёри муқаррарӣ зиёд боридани борон ва фаромадани сел ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар шаҳрҳои Турсунзода, Панҷакент, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Варзоб, Ашт, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Хуросон, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа ва чанде дигарон хисороти калон расонида шуд, ки боиси кӯчонидани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба ҷойҳои бехавф гардид.

Бинобар ин вобаста ба мутобиқшавӣ ба таъсири иқлим ва пешгирӣ аз сар задани офатҳои табиӣ ба шаҳрвандон якчанд маслиҳати коршиносон ва мутахассисонро пешниҳод менамоем:

-сари вақт дар доираи нақшаи қарорҳои амалкунадаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонидани хоҷагиҳо аз мавзеъҳои хавфнок ба минтақаҳои бехавф;

-пешгирӣ намудани ҳаргуна сохтмонҳои худсарона дар минтақаҳои осебпазир;

-сохтани иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ ва зидди сел дар ҷойҳои селтаҳдидкунанда;

-тоза намудани сою селпартоҳо аз сангу шағал бо мақсади кӯшодани роҳҳои сел;

-шинонидани дарахтони мевадор ва сояафкан
-пешгирӣ намудан аз буридани ҷангал ва зиёд намудани масоҳати ҷангалзор.

Мусаллам аст, ки пайомад ва таъсирҳои глобалӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим паёмадҳои пешгуинашаванда буда, шаҳрвандонро зарур аст, ки дар ҳама фасли сол бо дарки баланди маърифати экологӣ дар ҳолати омодагӣ ва мутобиқшавӣ дар давраи тағйирёбии иқлим ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ҳодисаҳои табиӣ чораандешӣ намоянд.

Маҳмадуллозода Хайриддин
Муовини сардори раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо