Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таълимии №9-и дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат гурӯҳи корӣ дар самти тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷомеа, сокинони деҳаю маҳаллаҳо бо ҷалби фаъолон мулоқот доир карда шуд. Дар он намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Хадамоти муҳоҷират, Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаҳои кор бо занон ва оила ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат иштирок ва баромад намуданд.
Ҷойи зикр аст, ки дар чорабинии мазкур дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани ХV ҲХДТ санаи 18 декабри соли 2024 ва зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри соли 2024 баён доштанд, дар меҳвари андеша қарор доштанд.
Зимни баргузории вохӯрӣ табиист, ки мақсади ташкили мулоқот пеш аз ҳама беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои коррупсионӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, никоҳи бармаҳал, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ буда, ҳамзамон зимни суханронӣ ба масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба фарҳанг ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа, ифтихори ватандорӣ, моҳияти истиқлолу озодӣ, моҳияти Истиқлоли давлатӣ, ҷойгоҳи бузурги Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик, зарурати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми кишвар, аҳамияти дастовардҳои беназири мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолу озодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар идомаи суханронӣ гуфта шуд, ки баланд бардоштани тафаккури сиёсии шаҳрвандон, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти давлатсозии шаҳрвандон, таҳлили нуктаҳои асосии Паём, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ягонагии миллат, афзалиятҳои кор дар замин, истифодаи оқилона ва бомақсади заминҳои кишоварзӣ, ба даст овардани се, чор ҳосил аз заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, захираи маводи хӯрокворӣ барои ду сол ва зиёда аз он, таъмини амнияти озуқаворӣ, фаҳмонидани маънии аслии дин ба насли наврас, пешгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҳамкории мактабу оила ва ҷомеа дар самти камолоти маънавии насли наврас, бунёди муассисаҳои таълимии томактабӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддию таълимии муассисаҳои таълимӣ, нақши занону бонувон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи хонаводагӣ,ҷалби мардум ба корҳои хайру савоб, ҳадафҳои неку созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи ҳатмии Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, ҷалби ҷавонон ба варзиш муҳимтарин масъалаҳои замони имрӯз буда, пиёда кардани ин ҳама дар ҳаёту зиндагӣ гарави зиндагии шоиста ва ҳаёти хурраму обод буда метавонанд.
Ҳамзамон, дар вақти суханронӣ доир ба вазъи ҷаҳони муосир, огоҳ будан аз равандҳои гуногун, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират, корбарии дуруст дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ҳимояи аслияти тоҷикӣ, ҷалби насли наврас ба забономӯзӣ, муносибати хуб бо табиат, ҳимоя манфиатҳои миллӣ, ифтихор аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ҳурмати падару модар ва калонсолон, таҳти назорати доимӣ қарор додани фарзандон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, мусоидат ба таҳсили фарзандон, махсусан духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, тақвият бахшидани корҳо дар самти маърифати оиладорӣ, гирифтани пеши роҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омода кардани ҷавонон ба оиладорӣ фикру андешаҳо баён гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволу дархостҳои иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда дода шуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат