Кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотӣ – маърифатиро бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ, вобаста ба ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ тақвият бахшида, тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт бо шаҳрвандон вохӯриву мулоқотҳо баргузор намуданд.
Зимни суҳбат бо шаҳрвандон кормандони масъули Раёсат оид ба талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар мӯҳлати муқарраргардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ, гирифтани Патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Дар баробари ин, варақаҳои иттилоотии «Тартиби гирифтани Патент барои кор дар Федератсияи Россия», «Памятка трудовому мигранту-гражданину Республики Таджикистан, выезжающему в Российскую Федерацию», «Как получить Патент для работы в Российской Федерации» дастрас гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе