Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафҳои гурӯҳҳои ифродгароии динӣ, савдои одамон ва қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ҳамарӯза баргузор шуда истодааст.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба муҳоҷирон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, дар канор будан аз таблиғоти гурӯҳҳои ифродгароӣ ва паёмакҳои телефонӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи шахсони ношинос маълумот дода, тавсия дода шуд, ки дар сурати дучор шудан ба ин амалҳо Шумо метавонед мушкилоти худро ба воситаи намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳал намоянд.
Дар охир аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ба мусофирон брошюраҳои роҳнамои пеш аз сафар оиди фаъолияти меҳнати дар каламрави Федератсияи Россия ва қоидаҳои нави Федератсияи Россия тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон