Тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳи дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, савдои одамон ва қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” пайваста идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон, мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кўлоб Сафаров А., доир ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамадун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷиратӣ, дар қайди муҳоҷират истодан, гирифтани Патент, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия ё зимни бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳҳо аз дасти шахсони ношинос бағоҷҳои шахсони ношинос, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёҳое, ки таркибаш муайян нест, барои интиқол додан ба кишвари дигар қабул накунед.
Ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба фаъолияти таксиронӣ, хизматрасонии интиқоли фармоиш (доставка) машғул ҳастанд, расонида мешавад, ки зимни қабули фармоиш аз фармоишгар ҳатман ашё ё бағоҷи интиқолшавандаро пурсон шавед, ки дар дохили он чӣ мавҷуд аст.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз интиқоли ашёҳои иҷозаташон мамнуъ ва истифодаашон ғайриқонунӣ аз дасти шахсони ношинос худдорӣ намоед.
Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат шаҳрвандонд метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.
Дар охир аз ҷониби намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба мусофирон брошюраҳои роҳнамои пеш аз сафар оид ба фаъолияти меҳнати дар каламрави Федератсияи Россия ва ќоидаҳои нави Федератсияи Россия тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон