• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур

Migration Service by Migration Service
04.07.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024, инчунин, бо аҳли илм ва маориф аз 30 майи соли 2024 ва дастуру супоришҳои протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон тибқи барқияномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Федератсияи Россия тибқи қонуни Федералӣ “Дар бораи будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” аз 25 июли соли 2002, №115-ФЗ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Федералӣ аз 15 августи соли 1996 “Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия”, ки 24-ноябри соли 2014 тахти № 357 ФЗ таҳия гардидааст, амалӣ карда мешавад, аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нақшаҳои муштарак омода ва ба тасвиб расонида шудааст, ки дар доираи он бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Шоҳмансур мулоқот баргузор карда шуд.

Ҳадафи асосии мулоқот, ин шарҳи қонуни мазкур ба шаҳрвандон –муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бояд дар баробари гирифтани патент, қайди ҷойи истиқомат, донистани забон, расму оин, таърих ва фарҳанги кишвари иқомат, минбаъд бояд талаботҳои қонуни мазкурро, ки дар он масъалаи будубоши шаҳрвандро 90 ба 180 рӯз нишон додааст, бечунучаро риоя намоянд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид гардидан ба Федератсияи Россия метавонанд, ки 90 рӯз фаъолияти меҳнатӣ намуда, баъди он бояд кишвари иқоматро тарк намуда, 90 рӯзи боқимондаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (ё кишвари дигар) паси сар намоянд.

Баъди гузаштани муҳлати муқарраргардида шаҳрванд метавонад дигарбора вуруди қаламрави Федератсияи Россия гардида, фаъолияташро идома диҳад.

Талаботҳои қонуни мазкур (90 ба 180) ба шаҳрвандони хориҷии зерин амалӣ намегардад;

  • шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси гирифтани Патент фаъолият менамоянд;
  • шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозати иқомати мувакқатиро доранд (Разрешение на временное проживание);
  • шаҳрвандони хориҷие, ки дорои иҷозатномаи иқоматро дар ҳудуди Россия доранд (Вид на жительство);
  • гурезагон ва муҳоҷироне, ки паноҳандагии мувакқатӣ доранд;
  • донишҷуёни хориҷие, ки ба таҳсили рӯзона фаро гирифта шудаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол қисми зиёди шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба инобат нагирифтани талаботи қонуни мазкури 90 ба 180 аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ (депортатсия) гардида истодаанд.

Бинобар аҳамияти ҷиддӣ доштани масъалаи мазкур ва бо мақсади роҳ надодан ба чунин қонунвайронкуниҳо ба сокинони Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Шоҳмансур, муфассал фаҳмонида дода шуд.

Дар мулоқоти мазкур намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе – Шарипов Т., Наботова Н., Сайғуфронов Ф., Сафаров Ф., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе – Бобохонзода Р., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи Шоҳмансур – Маҳмудов О., инчунин, кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва раиси маҳалла иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта

Next Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар шаҳри Хуҷанд

Next Post
Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар шаҳри Хуҷанд

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.