Терроризм беш аз пеш дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар тобишҳои гуногун зоҳир месозад. Сурату як мароми доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё мисли далолат аз он менамояд, ки ин нерўи харобкори сиёсӣ торафт дар кураи арз доман паҳн менамояд.
Дар асоси маълумоти коршиносон дар ҷаҳон беш аз панҷсад созмони террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки бештари онҳо дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) таъсис ёфтаанд. Онҳо ба қатли бераҳмонаи оммавӣ даст зада истодаанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дидану таҳаммул кардан номумкин аст.
Имрўзҳо, тариқи расонаҳои хабарӣ мефаҳмем, ки террористон кўдаконро ба гурўҳҳои худ шомил сохта, ба онҳо истифодаи силоҳ, куштану сўзонидани одамон ва тарконидани биноҳоро меомўзонанд. Ин амалҳо барои вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавии онҳо мебошад.
Аз ин рў, қурбони терроризм асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ боис мешавад, ки террористон онҳоро барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ҳушёр бошанд.
Имрўз, мо тоҷикистониён шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.
Мо, зиёиён, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намуд маҳкум менамоем. Баҳри пешгирӣ аз вабои аср тамоми қувваю маҳорати хешро баҳри тарбияи ҷавонони арзандаи миллат равона менамоем. Онҳоро ба роҳи рост, донишандӯзӣ ва азбар намудани асосҳои донишҳои назариявӣ ва амалӣ равона месозем.
Одинаев Темур,
Сармутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳорҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе