Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ асосан дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой дода, онҳоро ба суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.Тибқи маълумот дар солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисти доимиашонро тарк кардаанд.
Терроризми байналмилалӣ тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Имрўзҳо дар гўшаҳои гуногуни дунё миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд, зуҳуроти терроризму ифротгароӣ хислати фаромарзӣ гирифта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.
Баробари расидан ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ таҳкими робитаҳои дуҷониба ва истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои бузурги ҷаҳон ҳамчун ифодаи равшани татбиқи сиёсати берунаи дарҳои кушод дар мамлакат равнақи ҳамкориҳои иқтисодиро бо ҷаҳони муосир тақвият бахшида, дар рушди устувори иқтисодиёти кишвари мо самараи шоистае ба бор овард. Имрӯз Тоҷикистон ибтикороти гуногуни байналмилалиро дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди терроризму ҷинояткории фаромиллӣ, ҳалли масъалаҳои глобалии иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ ҳамаҷониба ва пайгирона дастгирӣ намуда, худ низ ҳамчун бавуҷудоварандаи силсилаи ташаббусҳо дар доираи созмонҳои мухталифи байналмилаливу минтақавӣ фаъолият менамояд.
Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, нишон додани нақши харобиовару фоҷеабори амалҳои номатлуби террористию эстремистӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон ва ғайра метавонанд омилҳои муассиртарини мубориза ба муқобили равияҳои экстремистию террористӣ бошанд.
Гулмаҳмадзода Шамшод, Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе