Имрӯз инсоният бо як силсила мушкилоту хатарҳое рӯ ба рӯ аст, ки натанҳо амнияти як давлат, балки суботи тамоми ҷомеаи ҷаҳониро зери хатар мегузоранд.
Яке аз чунин падидаҳои хатарзо терроризм ва экстремизм мебошад, ки дар чанд даҳсолаи охир бо шаклу усулҳои нави худ ба як вабои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Терроризм, ки маънои аслии он тарсондан ва даҳшат афкандан аст, имрӯз бештар дар зери ниқоби шиорҳои диниву сиёсӣ амалӣ мегардад. Гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳаракатҳои террористӣ бо истифода аз ноогоҳии ҷавонон, сӯистифода аз эҳсосоти динии мардум ва шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд онҳоро ба доми худ кашанд. Ҳадафи асосии чунин гурӯҳҳо ноором сохтани ҷомеа, паст задани эътибори давлатҳои мустақил ва аз байн бурдани ваҳдату ҳамбастагии миллӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ аз даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҷрибаи талх дорад, имрӯз дар самти муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб сиёсати возеҳ ва устуворро пеш мебарад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки: “Терроризм ва экстремизм дин надоранд, онҳо зидди тамоми арзишҳои инсонӣ ва дини ҳақиқӣ мебошанд”.
Бо ибтикори Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор дар ҷумҳурӣ стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм қабул ва амалӣ гардида, тавассути он корҳои тарғиботиву маърифатӣ, аз ҷумла дар миёни наврасону ҷавонон мунтазам роҳандозӣ мешаванд. Муҳим аст, ки ҳар як устод, падару модар ва шахси ватандӯст дар ин мубориза саҳмгузор бошад. Зеро пешгирии ифротгароӣ пеш аз ҳама, аз огоҳиву бедории зеҳнӣ оғоз меёбад.
Ҷомеаи солимро танҳо бо илму дониш, маърифату таҳаммулпазирӣ ва ҳурмат ба арзишҳои миллӣ метавон ҳифз намуд. Аз ин рӯ, вазифаи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ тарбияи насли худшинос, ватанпарвар ва дорои ҷаҳонбинии муосир аст, то онҳо ҳеҷ гоҳ фиреби таблиғоти дурӯғини гурӯҳҳои хатарнокро нахӯранд.
Дар ниҳоят бояд гуфт, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм нафақат вазифаи давлатҳо, балки масъулияти ҳар як фарди огоҳу бедордил аст. Ҳамагон бояд дарк намоем, ки танҳо бо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва маърифати баланд метавонем амнияти кишвари худро ва сулҳу суботи ҷомеаро ҳифз кунем.
Ятимова Муқадамбону,
Мутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

