Таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират

9 сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатӣ Истиқлоли давлатии кишварро эълон кард.

Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба шарофати ташаббус ва саъю кӯшиши шахсии ӯ ҷанги бемаънии бародаркушӣ қатъ карда шуда, фурӯпошии давлати тоҷикон боздошта, тамомияти арзии кишвар ҳифз карда шуд. Ин нукта 6 сентябр зимни маҷлиси тантанавӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе доир гардид, садо дод.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир аҳли нишастро бо ин ҷашнвораи бузурги миллат – 30-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онро волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик унвон кард, ки бо талошу ҷонбозиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

“Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ифтихор аз он дорем, ки сӣ сол қабл бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат ва сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷикро ба воқеият табдил додем. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам гардид, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракуниро пеш гирифта, низоми иқтисоди Тоҷикистонро ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст намоем ва ба ин васила рушди босуботи кишварро таъмин созем”, – тазаккур дод Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир.
Ҳамзамон, дар маҷлиси тантанавӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ширкат намуда, ироаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи II, сарфароз гардидани сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир супорид.

Дар анҷоми ҷамъомад бо Фармоиши Хадамоти муҳоҷират ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, Муассисаи давлатии “Маркази машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и дар шаҳри Душанбе, шуъбаву бахшҳо ва раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои саҳми арзанда дар таъмини фаъолияти Хадамот бо Ифтихорнома ва Раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар поёни ҷамъомад Сардори Хадамоти муҳоҷират бори дигар аҳли нишастро ба ин санаи фархунда муборакбод гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки аҳли кормандони Хадамот ва дар маҷмӯъ, мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу субот бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо ва таҳкими ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва саъю кӯшиши миллати ободгару созандаи тоҷик моро марҳила ба марҳила ба қуллаи мурод наздик мекунад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо