• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Таҷлили бошукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
05.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Таҷлили бошукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи, 5-уми сентябри соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 34 -умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона таҳти унвони “Истиқлол – ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик” баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Абдулозода Умеда Бегмурод, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф, омӯзгори факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пеш аз оғози ҳамоиши тантанавӣ дар саҳни ҳавлии Хадамот намоиши дасти ҳунармадони марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ноҳияи Шошмансур баргузор гардид, ки меҳмонон аз он дидан намуданд.

Сипас, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо баромад намуда, оид ба дастовардҳои замони истиқлол ва нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдату иттиҳоди миллат сухан гуфта, иброз намуд, имрӯзҳо миллати сарбаланди мо дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашни миллӣ – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Воқеан Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.

Дар таърихи башарият қавму миллатҳое ҳастанд, ки садсолаҳо инҷониб дар орзуи ба даст овардани истиқлоли комил насл ба насл умри худро қурбони муборизаҳо карда истодаанд. Барои Тоҷикистон ва дар маҷмуъ дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ истиқлолу озодӣ ҳадяи бебаҳои таърихӣ буд, ки бо барҳам хурдани ин иттиҳод ба муроди хеш расиданд. Ҷумҳуриҳо шукри истиқлол намуда, бо ҷаҳду талоши зиёд баҳри ободии ватани хеш камари ҳиммат бастанд.

Мутаассифона, дар Тоҷикистони азизи мо кор шакли дигар гирифт. Боди тунди маҳалгароию худкома ва гурӯҳҳои ҷоҳталаб бо дастгирию пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш кишвари моро ба гирдоби моҷароҳои нангину сангин кашиданд. Тоҷикистон дар оѓози роҳ ба сӯи мустақилӣ ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ мувоҷеҳ гашт. Фазои суботу ороми мамлакатро садои гӯшхароши тиру туфанг фаро гирифт. Бародарони ҳамхун бар зидди якдигар шуданд. Тоҷикистони дар ҷодаи Истиқлол навраҳу навқадам ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Хушбахтона, ҳамаи ин нокомиҳо паси сар шуда, имрӯз ҳамчун саҳифаи тирае аз таърихи начандон дури миллат ёд мешавад. Ба ёд овардани он рӯзҳо ба хотири он аст, ки ҳар кадоми мо, хоса насли ҷавону наврас, дарк намояд, ки Истиқлоли мо муфт ба даст наомадааст.

Ин ормони ҳазорсолаи миллати мо буд, ки бояд барои гиромидошту ҳифзи он ба ҷон бикӯшем. Дар ҳамаи давру замон фарзандони фарзона ва хештаншиносу огоҳи миллат баҳри ҳифзи Ватан ҷон ба каф гирифтанд. Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт.

Дар ҳамин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб гардида, барои сарҷамъию муттаҳидии мардуми тоҷик тамоми қувваю матонати хешро сафарбар сохта, баҳри ҳастии миллат ҷонбозиҳо намуд. Он айём на ҳар кас ҷуръати ба даст гирифтани вазифаеро дошт. Идораи давлатӣ дар ҳоли парокандагӣ ва қисмати норӯшан дошт. Эмомалӣ Раҳмон алорағми ҳамаи нотавонбинҳо, ки ба ояндаи давлати тозаистиқлоли мо хушбин набуданд, ҷасурона зимоми идораи давлатро ба уҳда гирифт. Аввал суханаш дар ростои давлатдорӣ аз сулҳ буд. Ӯ тавонист кишвари дар вартаи нокомиҳо қарордоштаи моро ба соҳили мурод расонад. Роҳи мо ба сӯи сулҳу субот тахту ҳамвор набуд.

Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи байналхалқӣ низ мавқеи сазовор пайдо намуд. Ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо шуруъ гардид. Таҳия, қабул ва татбиқи барномаҳои мукаммал дар ҳамаи самтҳо ба пешрафти хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуд, ғ афзуд Нодирзода Иматшо.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдулозода Умеда Бегмурод, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии тоҷикистон Норзода Шариф ва омӯзгори факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ баромад намуда, иброз намуданд, ки барои халқи тоҷик, истиқлол на танҳо як воқеияти таърихӣ, балки муборизаи ҷовидонии муқовимати озодихоҳон ва фарзандони содиқи Ватан бо ҷоҳилон ва истилогарон мебошад, ки бо хуни шаҳидон, заҳматкашон ва орзуҳои ниёгони боору номусамон дар тӯли асрҳо рушд ёфта, то имрӯз ба мо омада расидааст. Аз замонҳои қадим, тоҷикон бо хиради оламсоз ва таъриху фарҳанги нодир, бо ҳиммати ҷонфидоӣ ва ақлу шуури худ пайваста дар масири таъриху саҳнаҳои ҷаҳонӣ номи худро нигошта, ҳамчун миллати соҳибитамаддун, соҳибхирад, озодидӯст ва боадолат боқӣ мондаанд.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватанпарастии миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хос ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдориро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд”.

Дар фарҷоми чорабинӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ва муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир, бо сипосномаи КИМ ҲХДТ ва чанд нафар фаъолони Хадамот бо сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ ба чанд нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин, як зумра кормандони сохторҳои Хадамоти муҳоҷират барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, гузоштани саҳми назаррас бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Хадамоти муҳоҷират қадршиносӣ гардиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.