Таҷлили Рӯзи Артиш дар Хадамоти муҳоҷират

Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Дар оғози чорабинӣ Сардори Хадамот Нодирзода Иматшо, ҳозиринро бо фарорасии ин саҳнаи муҳими таърихӣ табрик намуда, қайд карданд, ки ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намудаанд:

«Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар назди он вазифаҳои муқаддасу пуршараф -ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.

Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи Истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд».

18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ менамуданд, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

23 феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахти мамлакат нахустин Паради ҳарбӣ бо иштироки ҷузъу томи гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Дар он солҳо новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имконияти мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу маишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамуданд.

Боиси хушнудист, ки имрӯз он мушкилоту норасоие, ки дар солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ вуҷуд дошт, аз ҷумла норасоии афсарон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар намерасад.

Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруву тавоноии бузургро касб намуда, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касбу кор, садоқат ба савганд вазифаи аввалиндараҷаи хеш қарор дода, ҳимояи Ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаи ҷомеаро анҷом медиҳанд.

Мо бо як боварии том гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи хешро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси миллати куҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро ҷавонмардона пос медоранд.

Зеро Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст.

Ватан модар аст.

Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус ва ватандӯсту миллатпарвар азиз ва муқаддас аст, – афзуд Нодирзода Иматшо.

Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба фарҷом расид.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо