20 феврали соли равон, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.
Дар оғози чорабинӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, ҳозиринро бо фарорасии ин саҳнаи муҳими таърихӣ табрик намуда, қайд карданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо неруҳои дифоии давлатие ҳастанд, ки барои посдорӣ ва нигаҳбонии якпорчагии кишвар аз хавфу хатарҳои беруна таъсис ёфтааст.
Агар ба гузаштаи наздик назар андозем, неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 бо ташаббус ва талоши бевоситаи Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи сохти конститутсионии кишвари навистиқлолият ба даст оварда, дар заминаи қариб ки холӣ аз потенсиали кадрӣ ва моддӣ техникӣ таъсис ёфта буд. Тавре Пешвои миллат дар баромадҳояшон ёдрас мешаванд, мо қувваҳои мусаллаҳи кишвари худро дар зери як хайма оғоз кардем. Ва бо талошу заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо гузашти 32 – сол Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба як сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва нангу номуси ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиклол мебошад. Бо корнамоии фарзандони ватандӯстдору ҷонфидо дар роҳи сулҳу амонии мардум ва барҳам задани хатарҳои беруна сарбозони кишвар доимо ҷону тани худро ҳамчун сипари оҳанин истифода менамоянд.
Барои ҳар як ҷавон хизмат ба Ватан ва бар миллати худ қарзи фарзандию ватандорӣ буда, баҳри осудагии мардум ва ҳифзи марзу буми кишвар бояд содиқона хизмат намояд. Моро зарур аст, ки ба хотири осудагии давлати тозаистиклоли худ ва бо амну субот нигоҳ доштани он якдилона сайъ намоем.
Аз ташкил шудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин ҷониб 32-сол сипарӣ гашт, вале корнамоӣ ва ҷонфидоиҳои ин фарзандони содиқу фарзонаи кишвар дар оромию осудагии ҷумҳурии соҳибистиқлоли азизамон нақши боризе гузошт. Ҳушёрӣ ва зиракии ҳар як сарбоз, корнамоиҳои онҳо дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хохад шуд, зеро хизмати содиқона бар миллату давлати хеш намудаи онҳо аз ёдҳо ҳаргиз нахоҳад рафт ва шуҷоату қаҳрамониҳои онҳо боиси ифтихору ибрати наслҳои ҷавон хоҳад гашт, -афзуд Нодирзода Иматшо.
Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба фарҷом расид.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират