16 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Дар аввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо баромад намуда, кормандони Хадамотро ба ифтихори ин санаи фархунда, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, табрику муборакбод намуданд.
Ӯ иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар мамлакат гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Маҳз дар иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми ҷумҳурӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ба он кас ваколати Сардори давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Таъкид шуд, ки дар ҳақиқат Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро нақши ин Иҷлосияи таърихӣ дар интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор намудани сулҳу субот, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат бузургу беназир мебошад.
Созандагию хирадмандӣ ва меҳанпарастии Сарвари давлат бояд намунаи ибрати насли ҷавон бошад. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди Миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободиву осоиштагии диёри азизамон бо кору пайкори созанда собит намояд.
Мо – кормандони Хадамоти муҳоҷират низ Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа истиқбол намуда, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул намуданд. Дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират