• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Таблиғи ҳуввияти миллӣ – таҷассумгари ҷавҳари худшиносии миллист

Migration Service by Migration Service
12.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Таблиғи ҳуввияти миллӣ – таҷассумгари ҷавҳари худшиносии миллист
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯзҳо масъалаи таблиғи ҳуввият ҳамчун дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат мавзӯи калидист ва мо вазифадорем, ки барои пешгирии мағзшӯии афкору андешаи сокинон, махсусан насли ҷавон дар ин самт тамоми имконоти мавҷударо дар амал татбиқ намоем.

Дар раванди ҳуввиятсозӣ ва тақвияти давлатдорӣ барои дилхоҳ халқу миллат арзишҳои миллӣ мақоми шоиста дошта, ҳифз, эҳтиром ва таблиғи онҳо барои тамоми қишри зиёии ҷомеа вазифаи муқаддасу ивазнашаванда маҳсуб мешавад.

Раванди ҷаҳонишавӣ бо падидаи омезиши фарҳангҳо дар бисёр ҳолат элитаи зиёӣ ва қишри зиёии давлатҳоро дар бунёди ҷомеаи миллӣ фориғбол сохта, боис ба пайдо гардидани нофаҳмию нооромӣ дар бархе аз давлатҳо гардида истодааст. Албатта, чунин шакл гирифтани вазъ ба манфиати давлатдорӣ ва дар умум ба фоидаи халқи одӣ нест. Метавон аз ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хулосе омад, ки маҳз ҳамин дур шуданҳо аз ҳуввияти миллӣ пояҳои давлатдориро заиф ва дар охир ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ таҳрик сохт. Дар он айём моҳияти худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ қолабӣ буд ва зери ин мафҳуми муқаддас бархе аз гурӯҳҳои иртиҷоию манфиатхоҳ мардумро ба ҷодаҳо кашиданд. Миллатро ба сангарҳо ҷудо сохтанд ва қариб буд, ки Тоҷикистон пора-пора мешуд.

Бояд қайд кард, ки маҳз ҳамин омилҳои нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ ва ба ақидаи дигар шӯсташавии мағзҳо дар сатҳи сиёсатмандону рушанфикрон бозори гурӯҳҳои манфиатхоҳу ҷоҳилро гарм сохт ва боис ба оғози ҷанги бародаркуш дар мамлакат гардид.

Мо пешрафту шукуфоҳии кишвари худро дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти амалисозии арзишҳои миллӣ муайяну муқаррар намудем ва вақт собит намуд, ки роҳи интихобнамудаи мо боис ба шинохти давлату миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ шуд. Ин роҳи муқаддасу ивазнашаванда роҳест барои расидан ба ҳадафҳои олии миллат ва роҳест, ки мардумро ба сӯи ояндаи босаодат ва зиндагии шоиста талқин мекунад.

Дигар замон замони шиорпардозӣ нест. Вазъи ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар собит намуд, ки арзиши миллату давлат аз ҳама дигар арзишҳо дида вожаи муқаддасу ивазнашаванда аст. Яъне, вақте ки давлат ва миллат мегўем мо ба ояндаи босаодати мардум, оромию якпорчагии кишвар ва тақвияти истиқлоли давлатӣ роҳ мекӯшоем. Дигар арзишҳо моҳияти дуюмдараҷа ва ҳатто дар бархе маврид барои мавҷудияти давлату миллат, оромию осудагии кишварҳо хатар доранд. Мо ҳамагон бо чашми сар дида истодаем, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пасманзари фурсатталабӣ ва васеъгардонии доираи сиёсату ҳудудҳои давлатҳои манфиатдор кадом ҳаводис рӯи кор омада истодааст ва зарурат ба такрори масъала нест.

Бинобар ин, лозим аст, ки дар ҳуввиятсозию хештаншиносии сокинон ҳамеша пешқадам бошем ва кӯшиш кунем, ки гузаштаи худро ҳамчун намоди миллати кӯҳанбунёд ба дарки насли ҷавон расонем. Хотираи гузаштагони қаҳрамони худро, ки ба хотири озодию истиқлол дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба муқобили аҷнабиён мубориза бурдаанд, ҳамеша пос дорем ва корномаҳои онҳоро дар миёни ҷомеа таблиғ намоем.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Забондонӣ, соҳибкасб будан ва эҳтиром ба қонунҳо – се калиди муваффақият дар муҳоҷират

Next Post

Муборизаи дастаҷамъона  бар зидди терроризм ва экстремизм

Next Post
Муборизаи дастаҷамъона  бар зидди терроризм ва экстремизм

Муборизаи дастаҷамъона  бар зидди терроризм ва экстремизм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.