Ҳамватанони гиромӣ, ҷавонони ба ору номуси миллат!
Ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад.
Расман қайд шудани ин сана собитгари таваҷҷӯҳи ғамхории хосаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ба шумор рафта, дар кишвар ҷиҳати таълиму тарбия ва ба камол расондани насли ояндасози давлат тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Тавре Пешвои муаззами миллат дар паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи ҷавонон изҳор доштанд, солҳои охир ҷавонони мо ба илмомӯзӣ, азхудкунии донишҳои нав ва омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ бо шавқу завқи бештар рӯй овардаанд, ки ин, албатта, падидаи неку умедворкунанда мебошад.
Сарвари давлати азизамон бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои илмомӯзӣ ва азбарнамоии касбу ҳунарро барои ҷавонони тоҷик яке аз вазифаҳои муҳим шуморида изҳор медоранд, ки вақт собит сохта истодааст, ки касе илму дониш ва касбу ҳунар дорад, забонҳои хориҷиро медонад, дар зиндагӣ ҳаргиз хор намегардад ва ба касе муҳтоҷ намешавад.
Бояд гуфт, ки қисме аксари муҳоҷирони меҳнатии моро, ки имрӯзҳо барои дарёфти ризқу рӯзӣ ва беҳтар намудани шароити иқтисодию иҷтимоии хонаводаҳои худ дар хориҷи мамлакат кору фаъолият доранд, ҷавонон ташкил медиҳад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷит карда гуфтанием, ки шумо дар хориҷи мамлакат миллати соҳибтамаддуни тоҷикро муаррифӣ мекунед. Аз ин рӯ, дар кишварҳои қабулкунанда қоидаҳои будубош ва талаботи меҳнатиро риоя карда, фаъолияти босамар намоед. Қабл аз сафар касбу ҳунар омӯзед, то ки дар бозори меҳнат рақобатпазир бошед.
Бо ин мақсад дар мамлакат, хоса дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тамоми шароити муосири зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Бори дигар ҳамватанони гиромӣ, ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, фаъолияти босамар бар нафъи хонаводаву ватани азиз ва рӯзгори ободу осоишта таманно мекунам.
Рӯзи ҷавонон муборак, ҳамватанони гиромӣ!
Бо эҳтиром Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нодирзода Иматшо