Масъулият доштан дар тарбияи фарзанд як эҳсоси махсусест, ки дар рафтори волидайни бедордил ва ҳар шахс гузошта шудааст.Тақозои замон аст, ки ин масъулиятро давлат ва қонунгузорӣ дар худи инсон ҷиҳати ояндаи дурахшон бедор намояд. Чуноне, ки мутафаккири барҷаста Муҳамма Ғаззолӣ таъкид мекунад: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. Аз ин ҷост, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар ба низом даровардани муносибатҳо дар ҷомеа ва тарбияи наслҳои ояндасоз аҳамияти муҳим дорад.
Қонуни мазкур дар ташаккули худшиносӣ, сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт. Ин иқдоми созандаю саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҷинояткориро миёни ҷавонон кам ва даст заддан ба ҳама гуна зуҳуроти номатлубро пешгирӣ намуд. Дар доираи талаботи қонуни мазкур ҳамкории тамоми муассисаҳои таълимӣ бо волидайн вусъат гирифта, кулли ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории зичу самаранокро бо падару модарон ба роҳ монданд. Тарбия, ки аслан кори дастаҷамъона ва кори пурмашаққат ба шумор меравад, дар доираи қонуни мазкур роҳи амалишавии ояндадори худро пайдо намуд.
Вазифаи ҷонии ҳар як падару модарро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар моддаҳои худ асоснок намуда пешниҳод намудааст, ки ҳамчун дастури зиндагии шоиста дар тарбияи наслҳои оянда мебошад. Мавриди зикр аст, ки қонуни мазкур дар асоси қонуни асосии мамлакат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки дар ин самт татбиқи ҳамаҷонибаи дигар қонунҳои мавҷударо низ таъмин менамояд.
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Дар ин росто ёдовар шудан ба маврид аст, ки сарчашмаи асосии ин ташаббус, яъне қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки нахуст бо ҳамин унвон қабул гардида буд, меъёрҳои Канститутсия амалкунандаи мамлакат мебошанд. Қонуни мазкур дуюми августи соли 2011 таҳти № 762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат буд, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо карда, тағиротҳои тақозои замон ба он илова карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” натанҳо уҳдадориҳои падару модар, балки уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияро баррасӣ мекунанд дарҷ гардидааст. Аммо нақши асосиро дар қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модар мебозанд, ки мантиқан бояд чунин ҳам бошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавия масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст.
Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд. Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқи мемонад”.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки Парлумони Тоҷикистон бо дарназардошти боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, инчунин худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо соли равон тағиру иловаҳо ворид намуд. Боиси таъкид аст, ки 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” қабул гардида, он аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.
Муллоҷонзода Омина,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ

