ТАЪМИРИ ХОБГОҲ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Бо мақсади таъмини Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 марти соли 2021, №АП-52, барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин ҷиҳати дар зарфи ду соли оянда ҳаллу фасл намудани мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби сарпарастон корҳои назаррас ҷараён дорад.

Тибқи маълумот айни замон дар хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Ашт корҳои таъмирӣ ҷараён гирифта, созхту соз бо маром идома дорад.

Барои таъмири бинои хобгоҳи Литсейи касбии техникӣ аз тарафи сарпараст директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 тонна семент, 45 дона дари ҳуҷраҳо, инчунин арматура, симҳои гуногун, ПГС, рег, шит барои автомат, искана барои дар, теғ барои тоза кардани девор, оинаи майдаи пластикӣ, дару тирезаҳоии пластикӣ, дари тирезадор ва дигар навъи масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шудааст.

Дар айни замон корҳои таъмирии Муассиса бо суръат идома дошта, ба итмом расонидани он то Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо