Ҳамарӯза ба Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои кор ба Федератсияи Россия равонаанд, муроҷиат менамоянд.
Сардори баст сармутахассиси шуъба Рустам Маҳмадов иброз намуд, ки дар басти кории худ бо даҳҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Россияро доранд вохӯриву мулоқотҳо намуда, ба онҳо доир ба будубош, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида ба онҳо буклетҳо тақдим намуда, онҳоро дубора водор месозад, ки қонунҳои будубоши ин кишвари қабулкунандаро дидаву дониста вайрон накунанд.
Инчунин, бо шаҳрвандон дар мавзӯи муқовимат бо эктремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, моҳияти Созишномаҳои байни ҳукуматии миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои ба муҳоҷират вобаста дошта мебошад.
Кормандони шуъба ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои санҷиши маҷбуран берункардан (депортация), иҷозаи кор ва Патент, оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия омадаанд, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Ҳамарӯза ба Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зиёда аз 100 нафар шаҳрвандон аз гӯшаю канори мамлакат муроҷиат намуда, ному насаби худро дар руйхати беруншудагони шаҳрвандони кишварамон, ки дар маҳзани иттилоотии Сарраёсати ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ФР ҳар рӯза ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, бо тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ монда шудааст, пурсон мешаванд.
Бояд қайд кард, шаҳрвандоне, ки қонунҳои будубоши кишвари Рссияро вайрон намуда хориҷ карда шудаанд, ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ворид шудан ба ин давлат манъ аст. Аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрванди ҷумҳурӣ бе ягон асос аз қаламравӣ ин мамлакат аз тарафи сохторҳои дахлдори он берун карда мешаванд.
Айни замон кормандони Шуъба корҳои иттиллотӣ-маърифатиро дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ пурзур намуда, бо ҳар муроҷиаткунанда дар алоҳидагӣ сӯҳбатҳо гузаронида маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Ба ғайр аз ин, ба онҳо маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия ройгон супорида мешавад.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Аз ин лиҳоз, Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Россияро доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР огаҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”- -и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе