Кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотӣ-маърифатиро танҳо ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона кардаанд.
Ҳамарӯза кормандони Шуъба бо даҳҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Федератсияи Россия доранд вохӯриву мулоқотҳо барпо намуда, суҳбатҳои муфид мегузаронанд. Пеш аз ворид шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ ба толорӣ гумрук, бо ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ оид ба будубош, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбатҳо намуда, ба онҳо буклетҳо тақдим намуда, онҳоро дубора водор месозанд, ки қонунҳои будубоши ин кишварро дидаву дониста вайрон накунанд. Пеш аз ҳама, онҳо бояд гирифтани патент ва қайди муваққатиро фаромӯш накунанд, ки дар қаламравӣ Россия ошкорро (легально) кору фаъолият намоянд.
Айни замон кормандони Шуъба корҳои иттиллотӣ-маърифатиро дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни шаҳрвандон пурзур намуда, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатии манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт, онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе”-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари Федератсияи Россия доранд, хоҳиш карда мешавад, аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Россия огоҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Кормандони Шуъба саъю кӯшиш намуда истодаанд, ки ҳар як дақиқаву сония кумаки хешро нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони мамлакат дареғ надоранд.
Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе