Дар ҳама давру замон дар ҳаёти инсоният ду қувваи ба ҳам муқобил амал мекунад, ки ҳамеша миёнашон ихтилофот ҳукмрон аст. Аз ҷумла, некиву бадӣ, сафеду сиёҳ, хайру шарр ва дигар мафҳумҳои зидмаъно.
Дар замони имрӯза низ чунин зиддиятҳо зиёд ба назар мерасанд. Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи калони глобалӣ табдил ёфтааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хатарноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад.
Даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус, қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатар марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Тибқи маълумот дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Олами мавҷуда чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар ҳар як зинаи тараққиёт дучори ҳазорон падидаҳои ғайримуқаррарӣ гардидааст, ки баъзеи ин падидаҳо худ омили бавуҷудорандаи зинаи нави рушди олам будаанд.
Бояд қайд кард, ки ҳар як амали бад аз майнаи бадхоҳ бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният. Имрӯзҳо ҳолати фаъолияти терроризм тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад амали террористӣ содир кунад. Танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар Ватани азизи хеш зиндагии ободу осоишта дошта бошад.
Сафарзода Баҳодур, Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик

