Дар сархати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар таҳрири нав қабул гардидааст, омадааст: “Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст”.
Ин гуфтаҳои боло ба хонанда возеҳ муайян менамояд, ки ин қонун барои пешрафту шукуфоӣ, ба мушкилоти гарону миёншикан гирифтор нагардидан ҳангоми баргузории ҷашну маросим ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳар яки мо – шаҳрвандон равона гардидааст. Мо бояд аз урфу одати бегона дур бошему арзишҳои аслии фарҳанги миллати худро тарѓибу талқин намоем.
Дар ҳақиқат, қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав яке аз иқдомоти муҳиму саривақтӣ буда, баҳри хубтару беҳтар гардидани шароити иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик заминаи мустаҳкам мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли равон баргузор гардид, чунин иброз доштанд: “Қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва пешгирии серхарҷӣ, иқдоми муҳим маҳсуб мешавад.
Қонуни мазкур бо такя ба аҳкоми шариат, маслиҳат ва машварати уламои маъруфи кишвар қабул шуда, ходимони дин бояд дар татбиқи он баробари мақомоти давлатӣ саҳм гузоранд.
Оре, имрӯз қонуни мазкур дар беҳбудии рӯзгори ҳар як хонавода нақши муассири худро гузоштааст.
Дар воқеъ, ҳар куҷое тартибу низом пойдор аст, ҳар шаҳрванде, ки волоияти қонунро пос медорад, расму оини ниёгони худро бе ягон зиёдаравӣ ва худнамоӣ ба ҷо меорад, ҳатман дар ҷамъият мақому ҷойгоҳи болои худро касб менамояд.
Бо ин амалу рафтор, риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сатҳи зиндагии худ ва хонаводаи хешро боло бардошта, аз вартаи вазнини зиндагӣ раҳо мекунад ва дар рушду пешрафт ва баланд гардидани иқтисоди давлат саҳми хешро мегузорад.
Маҳмадуллозода Фирӯза,
Сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумии Хадамоти муҳоҷират