Санаи 20 июни соли 2024, яке аз қонунҳои миллии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар тӯли 17 соли амали худ, барои саодати мардум, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони мамлакат саҳми сазовор дорад, дар таҳрири нав қабул гардид ва аз номи он калимаҳои “анъана ва” хориҷ карда шуд.
Сабаби такмил ва дар таҳрири нав қабул гардидани қонун инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди ҷомеа ва давлат, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар ба шумор меравад.
Ин гуфтаҳои боло ба хонанда возеҳ муайян менамояд, ки ин қонун барои пешрафту шукуфоӣ, ба мушкилоти гарону миёншикан гирифтор нагардидан ҳангоми баргузории ҷашну маросим ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳар яки мо – шаҳрвандон равона гардидааст. Мо бояд аз урфу одати бегона дур бошему арзишҳои аслии фарҳанги миллати худро тарѓибу талқин намоем.
Дар ҳақиқат, қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав яке аз иқдомоти муҳимму саривақтӣ буда, баҳри хубтару беҳтар гардидани шароити иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик заминаи мустаҳкам мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли равон баргузор гардид, чунин иброз доштанд: «Қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва пешгирии серхарҷӣ, иқдоми муҳим маҳсуб мешавад.
Қонуни мазкур бо такя ба аҳкоми шариат, маслиҳат ва машварати уламои маъруфи кишвар қабул шуда, ходимони дин бояд дар татбиқи он баробари мақомоти давлатӣ саҳм гузоранд».
То қабули ин санад, дар баргузории ҳама гуна ҷашну маросим исрофкории зиёдатӣ мушоҳида мешуд ва соҳибмаърака муддатҳои тӯлонӣ аз қарздориву танқисии иқтисодӣ ва мушкилоти рӯзгор ба зудӣ раҳоӣ намеёфт.
Дарвоқеъ, ҳар куҷое тартибу низом пойдор аст, ҳар шаҳрванде, ки волоияти қонунро пос медорад, расму оини ниёгони худро бе ягон зиёдаравӣ ва худнамоӣ ба ҷо меорад, ҳатман дар ҷамъият мақому ҷойгоҳи болои худро касб менамояд. Бо ин амалу рафтор, риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сатҳи зиндагии худ ва хонаводаи хешро боло бардошта, аз вартаи вазнини зиндагӣ раҳо мекунад ва дар рушду пешрафт ва баланд гардидани иқтисоди давлат саҳми хешро мегузорад.
Ҳамин тариқ, дар замони муосир танзими муносибатҳои баргузории ҷашну маросим дар Тоҷикистон амри зарурӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, либоси миллӣ, пешгирии зиёдаравӣ, худнамоӣ, ҷудоиандозӣ, хурофоту таассуб ва роҳсипор намудани мардум ба корҳои ободонӣ, хайру эҳсонкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии шаҳварндони кишвар саҳми беандоза дошта, риояи меъёрҳои он масъулияти тамоми сокинони ба шумор меравад.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

