30-юми майи соли равон Ҷаласаи комиссияи танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти сарварии муовини раиси шаҳр Бобоиён М., сурат гирифт.
Муовини раиси шаҳр ҷаласаи комиссияро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба мавзӯи ҷаласа шинос намуд. Сипас сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., оид ба раванди муҳоҷирати экологӣ ва дохилӣ дар шаҳру деҳоти Исфара, мушкилот ва муаммоҳои мавҷудаи кӯчонидани муҳоҷирон ба мавзеъҳои навбунёд мухтасар маълумот дод.
Дар вақти суҳбат бо оилаҳои муҳоҷирони экологӣ маълум гашт, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Лаккон баҳси сарҳадӣ вуҷуд доштааст. Қайд карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бо кумаки аъзоёни ҳайати комиссия, оилаҳои муҳоҷирони экологиро ҳарчи зудтар ба мавзеи бехавф кӯчонидан мувофиқи мақсад мебошад.
Дар музокира сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда Қурбонзода У., сармеъмори шаҳр Тешаев И., ва раиси кумитаи идораи замин Бобоев М., иштирок намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии назди Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара андешаҳои худро баён доштанд.
Муовини раиси шаҳр Бобоиён М., раванди муҳоҷирати дохилӣ ва экологиро дар шаҳру деҳоти Исфара таҳлил намуда, ба масъулин вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро лозим аст, масъалаи ба мавзеъҳои интихобгардида кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ва дохилиро ҳаллу фасл намуда, барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба муҳоҷирон шароитҳои мусоид фароҳам оранд.
Баъди анҷоми ҷаласа раиси комиссия бо ҳар як оилаҳои муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ оид ба сохтмони манзили истиқоматӣ ва кӯчидани онҳо ба он мавзеъҳо пурсиш гузаронида, таъкид намуд, ки дар муддати муайян дар он ҷо корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд