Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷират ва дигар сохторҳои марбутаи ноҳия дар маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти ноҳия бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳалталаби рӯз, аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, экстремистӣ, террористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни занону духтарон ва наврасон, оид ба нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, инчунин муҳоҷирати бехатар вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон дар мулоқот баромадкунандагон, дар бораи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Сарвари давлат пайваста ба масъалаи маърифатноккунии аҳолӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат қайд менамоянд, ки “Инсони дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад”.
Оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида бо сокинони ноҳия таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия сарпарасти соҳа, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират, бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон ва варзиш, раисони маҳаллаҳо, сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд.
Бо истиқоматкунандагон, оид ба масъалаҳои огоҳ будан аз қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, инчунин озоду тоза нигоҳ доштани манзили зист ва кӯчаҳо, ташкили шанбегиҳо барои пешрафту ободии маҳали зист сӯҳбатҳо доир карда шуд.
Инчунин, ба ҳар узви калонсоли оила, ба падару модарон тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ фарзандони худро ҳамеша маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намоянд, ки дар давлати бегона қонуну қоидаҳои давлати будубошро бе чуну чаро риоя кунанд.
Дар фарҷоми суҳбат бо сокинони ноҳия, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони Ҷамоату деҳоти ноҳия мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав