• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ

admin by admin
01.05.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
321
SHARES
2.5k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Нахустин мактаб ва ҷои асосии тарбия оила маҳсуб меёбад.

Оила дорои консепсия ва қонуниятҳои муқаддаси хуб буда, он аз пайванди ду ҷинси бо ҳам мухолиф, пайвандии занушӯӣ иборат мебошад ва бо пайдоиш ва тавлиди фарзанд маънии хос ба худ пайдо мекунад.

Фарзанд ҳамчун узви ҷомеаи инсонӣ мумкин аст, ки дар оянда ҳамчун ҳимоятгари Ватан ва ҷомеа ба воя расад ва ё баръакс, ки ҳар кадоми ин аз тарбияи волидайн вобастагии калон дорад.

Оила макони асосии ба фарҳангу тамаддун, одобу суннатҳои миллӣ мусаллаҳ гардондани фарзандон мебошад.

Оила бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба ӯҳда дорад.

Оила ҷоест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад.

Муҳаққиқ М.Л.Вартанова бар он назар аст, ки мушкилоти моддӣ ё маънавӣ дар оила, набудани алоқаи байни фарзандон ва волидон, инчунин аз ҳад зиёд муҳофизат кардани онҳо, нофаҳмӣ байни фарзандон, вайрон шудани «оила- муносибатҳои мактаб» ва азхудкунии наврасон аз фазои маҷозӣ зуҳури зуҳуроти номатлуб, аз қабили зӯроварӣ, таҷовуз, нашъамандӣ, худкушӣ, танфурӯшӣ, маргиналӣ ва нигилизми ҳуқуқиро муайян мекунанд.

Аз ин рӯ, ин ҷамъияти хурд бояд муҳити асосии таълим, макони нигоҳдорӣ ва воситаи интиқоли иттилоот, фарҳанг ва арзишҳои анъанавӣ барои ҷомеа ва менталитети миллӣ боқӣ монад ва дастгирии эмотсионалӣ, моддӣ ва иҷтимоиро таъмин намояд.

Дар воқеъ, оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад.

Зеро агар аз рӯзҳои нахуст тарбияи оилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зинаҳои дигари тарбия бомуваффақият паси сар мегарданд.

Дар тарбияи дурусти насли ҷавон муҳити оилавӣ, ҷамъият ва мактаб ҳамеша бояд солим бимонад.

Дар ҳолати яке аз ин муҳитҳо бетараф монданашон тарбияи насли наврас дар як самт дучори мушкилӣ хоҳад шуд.

Ҳамин як мушкилии кӯчак ва тарбияи нодуруст дар оянда ба мушкилоти бузург, аз қабили бегонапарастӣ ва гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ бурда мерасонад, ки ин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Ба андешаи мо, дар ҳамаи муҳит бояд фарҳанги миллӣ ба мафкураи ҷавонон таҳмил карда шавад ва дар ин замина ҷавони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвар ба воя хоҳанд расид.

Тарбияи шаҳрванди оянда маҳз дар оила оғоз мешавад, ки волидон ва хешовандони наздик бояд дар кӯдак, чунин ҳиссиёт ва арзишҳоеро ба вуҷуд оранд ва парваранд.

Арҷгузорӣ ба пирон, ҳуввияти миллӣ, ёрии ҳамдигарӣ, ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ, ҳамдардӣ, шафқат ва масъулияти муштарак, ҷавононро дар оянда ба роҳи рост ҳидоят менамояд.

Муминзода Боёмуҳаммад Шариф,

муовини сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси

Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

ЭЪЛОН!!!

Next Post

Дарси сиёсӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Next Post

Дарси сиёсӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.