• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Тарбияи ҳуқуқӣ – меҳвари маърифати ҳуқуқӣ

Migration Service by Migration Service
01.02.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Тарбияи ҳуқуқӣ – меҳвари маърифати ҳуқуқӣ
320
SHARES
2.5k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он натанҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.

Маърифати ҳуқуқӣ шакли бисёрҷанбаи фаъолияте аст, ки маънояш “барнома оид ба паҳн кардани илму дониши ҳуқуқӣ дар байни омма ва умуман маърифатнок кардани аҳолӣ” тасвир ёфта, дар амалигардонии он ҳамаи сохторҳои давлатӣ нақши асосӣ дорад.

Инчунин ҳадафи асосии маърифати ҳуқуқӣ ташаккули асосҳои назариявии шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тафаккури ҳуқуқӣ, инчунин густариши ҷаҳонфаҳмии илмии ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ҳаёти ҳаррӯза татбиқ намудани талаботи ҳуқуқӣ баромад менамояд. Метавон чунин масъалаҳоро асоси маърифати ҳуқуқӣ донист:

  • ба даст овардани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба қонунгузорӣ, қонуният, ҳуқуқ ва уҳдадории онҳо;
  • боз ҳам боло бурдани нақши ҳуқуқ ҳамчун арзиши бебаҳси иҷтимоӣ;
  • эҳтиром ба қонун;
  • дар доираи хонандагону донишҷӯён аҳли ҷомеа боз ҳам густариш додани тамоюл, нишондод ва одатҳо бо рафтори мутобиқи қонун.
  • баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
  • тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ;
  • мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он;
  • баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун;
  • ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ;
  • васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ;
  • тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.

Гузаронидан ва ба роҳ мондани тадбирҳои дар боло дарҷгардида ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Маърифати баланди ҳуқуқӣ ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Муносибати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба қонун амалан аз сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва ҳушмандию огоҳияшон аз муҳтавои қонунгузории амалкунанда вобаста буда, дар амалӣ намудани ин талабот нақши соҳаи маориф хеле назаррас аст.

Дар ин ҷода силсилаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва ғайра қабул шудаанд, ки унсури таркибии фарҳангу маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар ин замина мебояд ёдовар шуд, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» саривақтӣ буда, ба раванди ташаккули таҳсилоти томактабӣ асос гузошт.

Бо назардошти он ки табиати маърифати ҳуқуқӣ мутаҳаррику тағйирёбанда буда, вижагиҳои диалектикӣ дорад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди инкишофи ин падидаи ҳуқуқии ҷомеаро ба инобат гирифта, доир ба таҳияву пазироии консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо дар ҳамаи соҳаҳо иқдому ибтикороти муҳим амалӣ менамоянд.

Омӯзишу таҳлил нишон медиҳад, ки амалӣ шудани қонунҳо ва барномаҳо ҷиҳати таъмини ҳуқуқии рушди босуботи ҷомеа ва густариши маърифати ҳуқуқӣ мусоидати назаррас менамоянд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки сарчашмаи дигари инкишофи маърифати ҳуқуқӣ дар роҳи ба камолоти маърифати ҳуқуқӣ расонидани шаҳрвандон ин омӯзиши арзишҳо ва донишҳои ҳуқуқие мебошад, ки давоми садаҳои сипаригашта аз сӯйи мутафаккирони бузурги гузаштаи халқи тоҷик, баргузида шудаанд. Аз ҷумла, «Тибби рӯҳонӣ»-и Закариёи Розӣ, «Ҷовидон Хирад»-и Ибни Мискавайҳ, «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Тадбири манзил»-и Абуалӣ ибни Сино, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Саодатнома»-и Носири Хусрав, «Гулистон» ва «Бӯстон-и Саъдии Шерозӣ ва амсоли инҳо дар ташаккулу пешрафти шаклҳои гуногуни шуури ҷамъиятӣ аз ҷумлаи зебоипарастӣ, ахлоқӣ, маърифатнокӣ ва сиёсӣ хусусияти бунёдӣ дошта, метавонанд.

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикр шуда равона гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кулли аҳолӣ, қабули қонунҳои босифат ва танзимкунандаи муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста тамоми санадҳои ҳуқуқӣ, таҳия, пешбарӣ ва қабул шудаанд. Ҳар як сокинони мамлакатро мебояд дигар побанди андешаву мулоҳизаҳои замони гузашта нашуда, барои гузаштан ба марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа — марҳилаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ барои иштирок дар ҳимояи манфиатҳои давлат ва саҳм гузоштан дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо қадами қатъӣ гузоранд.

Муродов Фирузҷон,
корманди Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мулоқоти судманд дар Ҷамаоти шаҳраки Баҳманруди ноҳияи Темурмалик

Next Post

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён

Next Post
Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.