Агар ба саҳифаҳои таърихи ин ё он давлат нигарем, аз ҳодисаҳои ҷангу ҷидол ва муборизаҳо ба назар ҳувайдо мешавад, ки аз муборизаи ду қувва хайрхоҳу бадхоҳ иборат аст. Мақсади ниҳоии ин ҷангу ҷидолҳо ба даст овардани ҳокимият ва ҷорӣ намудани сиёсати худ бо роҳи зӯрӣ мебошад.
Солҳои охир қувваи сеюм, яъне қувваҳои ифротгаро низ пайдо шудааст, ки асосан зери ниқоб фаъолият намуда, мақсаду мароми ғаразноки худро доранд. Ин қувваи сеюм худро ҳизби сиёсии “адолатҷӯ” муаррифӣ карда, бо таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон онҳоро гумроҳ менамояд ва барои амалисозии ниятҳои ғаразноки худ аз ҳама гуна роҳҳо истифода мебарад. Ин қувваҳои сиёсии ифротгаро дар мамлакатҳои мусулмоннишин дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд, ки ин хеле хафнок мебошад. Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунад, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик бо “шарофати” ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст.
Гарчанде, ки ҳизби наҳзат дар кишвари мо ҳоло расман фаъолият намебарад, таъсири он ва дигар ҳаракатҳои радикалистиву экстремистӣ аз хориҷи кишвар дида мешавад. Ҳадафи асосии онҳо ин корбарӣ бо табақаи камтаҷриба, вале сернуфузи мо – наврасону ҷавонон мебошад. Бо роҳи кашидан ба доми худ онҳо аз ҳамаи роҳҳо ва воситаҳо истифода мебаранд, то ки наврасону ҷавононро гумроҳ намуда, барои амалисозии мақсадҳои ғаразноки худ истифода баранд.
Бинобар ҳамин, дар марҳилаи имрӯза тарбияи хештансиносӣ ва доштани дониши сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавононро бояд дар мадди аввал қарор дода, мазмуни мавзуъҳои фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоиро ба ин масъалаҳо равона карда шавад.
Одинаев Темур,
Сармутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳорҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе