Тарбияи дурусти кӯдак яке аз масъалаҳои калидии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар қадар таваҷҷуҳ ба таълиму тарбияи насли наврас бештар бошад, ҳамон андоза ҷомеа солим, амн ва устувор мегардад. Бо дарназардошти ҳамин омилҳо, давлат сиёсати худро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак пайваста такмил дода истодааст.
Дар ҳамин замина, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2024 ва ҷонибдории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои иҷтимоиро дар самти таълиму тарбия ба танзим дароварда, масъулияти оила, муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва ҷомеаро дар назди кӯдак мушаххас менамояд.
Ҳамзамон, тибқи моддаи 24-и қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011, ки тӯли 13 сол мавриди амал қарор дошт, аз эътибор соқит дониста шудааст. Қонуни нав бо назардошти талаботи замон масъулиятро васеъ намуда, таълиму тарбияи кӯдакро ҳамчун вазифаи муштараки оила, мактаб ва ҷомеа муқаррар мекунад.
Дар моддаи 18 қонун ба нақши фаъоли муассисаи таълимӣ таъкид менамояд. Аз ҷумла, муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад: ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намояд, барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия ба падару модар ва мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол кунад, бо падару модар шартномаи ҳамкорӣ бандад, падару модаронро ба ҷаласаҳо даъват намояд, риояи талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимиро талаб кунад.
Ҳамчунин, дар ин модда пешбинӣ шудааст, ки агар падару модар уҳдадориҳои худро иҷро накунанд ё ба таълиму тарбия монеа эҷод намоянд, муассисаи таълимӣ ҳақ дорад ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад. Ин меъёр масъулияти ҳамкории дуҷонибаи мактаб ва оиларо боз ҳам тақвият медиҳад.
Моддаи 19 пурра ба уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ бахшида шуда, ба масъалаи таълиму тарбияи босифат диққати махсус медиҳад. Тибқи ин модда, муассисаи таълимӣ вазифадор аст: ба кӯдак таълиму тарбияи дуруст диҳад, омодагии ӯро ба таҳсилоти умумӣ таъмин намояд, қобилият ва хоҳиши кӯдакро ба назар гирад, барои таълим шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар ин модда инчунин ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ватандӯстии кӯдак, риояи шакли зоҳирӣ, пешгирии холкӯбӣ ва дигар тағйироти сунъии намуди зоҳирӣ, таъмини саломатӣ ва амнияти кӯдак, инчунин манъ намудани овардани ашёи хатарнок, воситаҳои нашъадор ва дигар ашёи мамнуъ ба муассисаи таълимӣ таъкид шудааст. Ин меъёрҳо нишон медиҳанд, ки мактаб на танҳо ҷойи омӯзиш, балки муҳити тарбия ва амнияти кӯдак мебошад.
Дар моддаи 20 қонун мақом ва масъулияти омӯзгорро равшан муайян мекунад. Омӯзгор вазифадор аст: қоидаҳои одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намояд, нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набарад, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро эҳтиром кунад, аз қабули маблағ ва туҳфаҳо худдорӣ намояд.
Ҳамзамон, омӯзгор уҳдадор аст, ки хонандагонро ба донишандӯзӣ, китобхонӣ, иштирок дар маҳфилҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ҷалб намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намояд. Дар ин модда инчунин ба ҳамкории доимии омӯзгор бо падару модар аҳамияти махсус дода шудааст.
Моддаи 21 ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо бахшида шуда, мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳоро муваззаф менамояд, ки чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва тарбиявиро амалӣ намоянд. Ин тадбирҳо ба пешгирии бепарвоии падару модар, дур мондани кӯдак аз таълим ва ҳифзи ҳаёту саломатии ӯ равона шудаанд.
Тибқи ҳамин модда, дар ҳолати таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кӯдак шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.
Моддаи 22 бошад, чораҳои мушаххаси пешгириро муайян мекунад. Аз ҷумла: гузарондани корҳои ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, баргузор намудани ҷаласаҳои падару модарон, ташкил намудани “Рӯзҳои падару модар”, ҳавасмандгардонии падару модарони намунавӣ, суҳбатҳои пешгирикунанда ва корҳои инфиродӣ бо оилаҳо. Ин меъёрҳо ба таҳкими ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа нигаронда шудаанд.
Дар моддаи 23 таъкид мешавад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин меъёр аҳамияти ҳатмии иҷрои талаботи қонунро боз ҳам равшан менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” санади муҳим ва саривақтӣ буда, заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои тарбияи насли солим, босавод ва худшинос фароҳам меорад. Танҳо дар сурате метавон ба ояндаи дурахшони миллат умед баст, ки оила, мактаб ва ҷомеа бо ҳисси баланди масъулият якҷо амал намоянд.
Фаридун Алимардонов,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

