Ба андешаи мо яке аз чораҳои муҳимми дарозмуддати муқовимат ба амалҳои коррупсионӣ ва паст намудани сатҳи ин зуҳуротро таҳкими рӯҳияи оштинопазирӣ ба ин мушкилот ташкил медиҳад. Хусусан зарур мешуморем, ки ба тарбияи рӯҳияи оштинопазирӣ ба коррупсия миёни насли наврас ва ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад. Ба андешаи мо бо таҳким бахшидани оштинопазирӣ ба коррупсия миёни қишрҳои мухталифи аҳолии кишвар, хусусан ҷавонону наврасон мо метавонем тадриҷан зуҳури амалҳои коррупсиониро пешгирӣ намоем ва сатҳи онро паст гардонем.
Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он сурат самараи бештар дошта метавонад, ки дар амалӣ намудани он тамоми абзорҳо, имкониятҳо, нерӯҳо ва дар умум аҳли ҷомеаро бар алайҳи ин мушкилот равона карда бошем. Дастгирии ҷомеа ва ҳар фарди он, хусусан насли наврас ва ҷавононро дар самти муқовимат бо коррупсия муҳим шуморида, зарур аст, ки ҷавонони кишвар сатҳи муайяни дарки мушкилоти коррупсияро дошта бошанд.
Вазифаи муҳимми тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандони кишвар, хусусан ҷавонону наврасон таҳким бахшидани донишу фаҳмиши онҳо перомуни паёмадҳои баду манфии ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Хушбахтона, дар сиёсати амалии Тоҷикистон ба масъалаи таҳким бахшидани рӯҳияи оштинопазирии мардум ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса карда мешавад. Барои мисол дар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ин ҷиҳат таваҷҷуҳи махсус равона карда шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
Ба андешаи мо барои таҳким бахшидани рӯҳияи оштинопазирии ҷавонон ва наврасон ба коррупсия, таваҷҷуҳ намудан ба ҷиҳатҳои зайлро муҳим мешуморем. Лозим ба ёдоварист, ки фазои оштинопазирӣ ба коррупсия метавонад кафолати тадриҷии пешгирӣ ва рафъи ин мушкилот дар ҷомеаи мо бошад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки паҳлӯҳои мухталифи иҷтимоӣ ва равонии таҳкимбахшии оштинопазирии ҷавонон ва наврасон ба коррупсия мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шавад. Танҳо дар заминаи иттилооти илмӣ ва воқеӣ мо метавонем, роҳҳои муассири таҳкимбахшии рӯҳияи оштинопазирӣ бо коррупсияро миёни ҷавонон ва наврасон ошкор намуда бошем.
Маҳмадзода Суман,
Мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

