“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ва мутамаддини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, ки дорои таъриху фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои хоси Парчамдории худ мебошанд. Таърихи Парчамдории тоҷикон ба давраи ниҳоят дури таърихӣ мерасад, ки он ҳамчун нишонаи устуворӣ ва побарҷойии давлат маҳсуб меёбад. Аз сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ маълум аст, ки аввалин парчам дар таърихи тоҷикон бо номи “Дирафши Коваёнӣ” маълуму машҳур аст. “Дирафши Ковиёнӣ” рамзи муттаҳидӣ ва рамзи якдилии мардуми зулмдида, аз дасти подшоҳи зулмпеша бо номи Заҳҳок ба шумор мерафт, ки он пешбанди марди оҳангар бо номи Кова буд.
Тоҷикон дар ҳар давраи таърихии минбаъда, Парчами хоси худро доштанд, аз ҷумла аз давраи сулолаи Ҳахоманишиҳо то давлатдории Аморати Бухоро. Ҳатто баъд аз барҳамхӯрии Аморати Бухоро ва ташкил шудани давлати Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ то барҳамхӯрии он Парчамҳои зиёдеро доро буд.
Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст оварда ба худ рамзҳои давлатӣ қабул кард. Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он 24- уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик, Иҷлосияи ХУI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд қабул шудааст. Аз ҳамон рӯз иборат ҳар сол 24-уми ноябр рӯзи П,арчам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолию соҳибиқболӣ, қудрату тавоноӣ, ягонагию якдилии халқи тоҷикро ифода мекунад. Парчам дорои се ранг: сурх, сафед, сабз тоҷ ва ҳафт ситора мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста қайд карданд:
“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Ҳамин тавр, Парчам беназиртарин муқаддасоти давлат ба шумор рафта, он ҳамчун нишонаи устуворӣ ва побарҷоии миллату давлат мебошад. Боиси сарфарозист, ки имсол мо 33-умин солгарди иди Парчамро ҷашн мегирем. Ин рӯзи азизу муқаддасро ба ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ табрик намуда, хоҳони онам, ки дар хонадони ҳар яки Шумо ҳамеша меҳру муҳаббат, файзу баракат, сиҳативу саломатӣ ҳукмфармо бошад.
Тошева Фирӯза,
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода

