Дар доираи амалӣ гардонидани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастури Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират санаи 25 октябри соли равон аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Хадамот шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
Аз ҷониби масъулин саҳни Хадамот аз баргони дарахтон тоза ва гирду атрофи дарахтони замини назди ҳавлигии корхона нарм карда шуданд. Инчунин, кормандон бинои нави Хадамот, ки айни замон таъмир идома дорад, саҳни он тозаву озода карда шуд.
Тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гушаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол рисолат ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
