Ташкили ярмаркаҳои кории холӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд меандешад.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби масъулин, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, Кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолони ноҳия дар маркази деҳаҳо бахусус ҷойҳои серодам корҳои таблиғотӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» ба роҳ монда шудаст.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб 10-уми марти соли равон дар марказии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод барои ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» баргузор намуд, ки теъдоди иштирокчиён 400 нафарро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар ин ярмарка аз ҷониби 16 ширкатҳои пудратии ҶСК НБО «Роғун» 1392 воҳидҳои корӣ пешниҳоди корҷӯён гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ярмаркаи мазкур бештар муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони бешуғл, муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо манъ гардидаанд иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории ярмарка ба 21 нафар тавсиянома ба ҷойи кор дода шуда, 29 нафар бекороне, ки касбу ихтисос надоштанд, ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд ва 25 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуд.

Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки дар рафти баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» аз ҷониби масъулин ва муовини раиси ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб ба иштирокчиён оид ба шарту шароити кор, ихтисосҳо ва музди меҳнат дар ширкатҳои пудратии ҶСК НБО «Роғун» корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Инчунин дар рафти ярмарка аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй», «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия дар шароити пандемия», «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Аз санҷиши ВНМО гузар», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» ба миқдори 743 нусха дастрас гардонида шуд.

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират тадбирҳои мушаххасро меандешад.

Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо