• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Uncategorized

Ташрифи ноиби сафири Давлати Қатар ба Хадамоти муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
30.01.2025
in Uncategorized, Хабархо, Хабарҳо
0
Ташрифи ноиби сафири Давлати Қатар ба Хадамоти муҳоҷират
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи 30 январи соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо ноиби сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муҳаммад Мисҳал Ал-Утайбиро ба ҳузур пазируфт.

Бояд қайд кард, ки солҳои охир бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориқи кишвар ва татбиқи сиёсати диверсификатсияи (гуногунсамтии) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ баста шуданд. Аз ҷумла, 3 феврали соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар ба имзо расонида шуд.

Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ, ки барои омода ва интиқоли шаҳрвандон ба давлатҳои хориҷӣ машғуланд, маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.  

Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои қабулкунанда, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон, Нодирзода Иматшо ба меҳмон оиди рафти баргузории озмуни ҷойи холии корӣ дар ширкати Ҳукумати Давлати Қатар “Ҷасур”, ки чанде пеш дар синфхонаи МД  “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар шакли видеоконфронс баргузор гардида буд, маълумот дод. Иброз намуд, ки ба иштирокчиёни озмун кор дар фермаи чорвопарварӣ пешниҳод гардида, дар рафти озмун иштирокчиён аз таҷирибаи кории худ маълумот пешниҳод намуданд. Дар навбати худ ноиби сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Мисҳал Ал-Утайби иброз дошт, ки  ҳадаф аз ташриф ба Хадамоти муҳоҷират, пеш аз ҳама шиносоӣ бо фаъолияти Хадамот, аз ҷумла рафти интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳури Тоҷикистон  ба Давлати Қатар мебошад. Ӯ омодааст барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар мусоидат намуда, ҷиҳати касбомӯзӣ ва забономӯзии шаҳрвандони ҷумҳурӣ кумаки худро расонад.

Инчунин, Сардори Хадамоти муҳоҷират аз ноиби сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Мисҳал Ал-Утайби хоҳиш намуд, ки як синфхонаро дар бинои нав, ки айни замон таъмир рафта истодааст, пурра бо таҷҳизоти нав таъмин намуда, дар касбомӯзӣ ва забономӯзӣ мусоидат намояд. Инчунин, Сардори Хадамот пешниҳод намуд, ки он нафароне, аз озмун гузаштаанд барои гирифтани раводид ба Давлати Қатар мусоидат намояд.  Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

Сипас, ноиби сафири Давлати Қатар Муҳаммад Мисҳал Ал-Утайби     аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дидан намуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират  
Previous Post

Мубориза бо терроризм амали-дастаҷамъона

Next Post

Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Тухтақули шаҳри Исфара

Next Post
Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Тухтақули шаҳри Исфара

Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Тухтақули шаҳри Исфара

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.