Коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир буда, он ҳамчун падидаи сиёсӣ‐иҷтимоӣ ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некуаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Муқовимат бо коррупсия дар шароити имрӯза яке аз мақсадҳои муҳими сиёсати амалии Пешвои миллатро ташкил медиҳад.
Дар бисёр мавридҳо ҳангоми мулоқоту суханрониҳо, ироаи Паёмҳо ва вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа Пешвои миллат ҷиддият ва муҳимияти ин мушкилотро зикр менамоянд ва тамоми нерӯҳои созандаи ҷамъиятӣ ва давлатиро ба ҳалли он даъват месозанд.
Дар сиёсати амалии хеш низ чораҳои муҳим дар самтҳо ва соҳаҳои мухталиф баҳри ҳалли мушкилот андешида ва пиёда сохта мешаванд.
Омӯзиш ва таҳлили вазъи воқеии муқовимат ба коррупсия дар ҷумҳурӣ, ҷалби васеи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти ҳамкории судманд ва муайянсозии роҳу усулҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия яке аз роҳҳои паст кардани ҳолатҳои коррупсионӣ дар шароити навини кишвар ба шумор меравад.
Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ муқобили ин зуҳурот пайваста муборизаро ба роҳ монда бошад ҳам, вале то ҳол ба ягон мамолики дунё муяссар нагардид, ки коррупсияро решакан намояд.
Муҳимияти масъала ва оқибатҳои нангини коррупсияро дарк намуда, соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул гардид, ки дар он принсипҳо, самтҳои асосӣ ва номгӯи чорабиниҳои муҳими муқовимат ба коррупсия пешбинӣ шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз хатари ин зуҳорот огоҳ буда, ҳанӯз аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, баҳри паст кардани шиддати коррупсия мунтазам чораҳои муассирро ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар сатҳи қонунтатбиқкунӣ андешида истодааст.
Бо ин мақсад зарур мешуморам, ки боз ҳам барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мизҳои муддавар, мақолаҳои илмиву таҳлилӣ чоп шуда, ба шаҳрвандон расонида шавад, зеро ин амал аз манфиат холӣ набуда, ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа таъсири мусбат расонида, дар сатҳи ҳамкории ҷомеа бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор такони нав хоҳад бахшид.
Ҳукуматов Назрулло,
ҳуқуқшинос ва кадри МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе