• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Террорист давлат, миллат ва дин надорад

Migration Service by Migration Service
23.02.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Террорист давлат, миллат ва дин надорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Терроризм яке аз хатарҳои ҷиддитарини замони муосир ба ҳисоб меравад, ки на танҳо амният ва суботи кишварҳоро зери хатар мегузорад, балки ба ҷомеа, арзишҳои инсонӣ ва ормони миллии ҳар миллат зарбаи вазнин мерасонад. Дар шароити ҷаҳони имрӯза, ки равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо суръат тағйир меёбанд, мафҳуми терроризм шаклҳои гуногун гирифта, аммо моҳияти он чунин аст – истифодаи зӯроварӣ ва тарсофаринӣ ба хотири расидан ба мақсадҳои нопок.

Террорист – шахсе мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тундгаро, экстремистӣ ва зиддисамтии инсонӣ даст ба амалҳои зӯроварона мезанад. Ин гуна шахс: мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё иқтисодиро дорост; тавассути зӯроварӣ ва тарс ба ҷомеа фишор меорад; барои ӯ ҷони мардум, арзишҳои динӣ ва инсоният аҳамият надоранд. Аз ин рӯ, террористро аз рӯйи миллат, дин ё шаҳрвандӣ муайян кардан хатост. Зеро манбаи асосии чунин амалҳо тағзиби ғояҳои ифротӣ, ҷаҳолат ва фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯст, на дин ё миллат мебошад.

Дар таърих ва имрӯз дида мешавад, ки террористҳо ба миллатҳои гуногун тааллуқ доранд. Террорист метавонад аз ҳар кишвари ҷаҳон пайдо шавад: аз кишварҳои калон ё хурд, аз ҷомеаи пешрафта ё камтараққӣ, аз миллатҳои гуногун. Бинобар ин, пайвастани амали террористӣ ба як миллат хеле нодуруст ва ғайриилмӣ мебошад. Миллатҳо дорои фарҳанг, таърих ва арзишанд, ки терроризм ба онҳо алоқаманд нест.

Яке аз хатарноктарин абзорҳо, ки гурӯҳҳои ифротӣ истифода мебаранд, “динимаҳкумкунӣ” аст. Онҳо барои ҷалби ҷавонон: ояту ҳадисҳоро таҳриф мекунанд; ақидаҳои ботили худро ҳамчун ақидаи динӣ муаррифӣ менамоянд; зӯровариро ҳамчун “ҷиҳод” нишон медиҳанд. Дар ҳоле ки ҳеҷ як дин – ислом, масеҳият, яҳудият, буддоия ва дигарон – куштор ва тарсофариниро асоснок намекунад. Ҳамаи динҳо ба сулҳ, меҳрубонӣ, адолат ва хидмат ба ҷомеа даъват мекунанд. Аз ин рӯ, террорист дин надорад; ӯ танҳо ғояи ифротӣ дорад.

Гурӯҳҳои террористӣ давлату марзро эътироф намекунанд. Онҳо сохтори давлатиро вайрон кардан мехоҳанд ва дар ҳудуди давлатҳои гуногун амал мекунанд. Ҳадафи онҳо: ноком сохтани сиёсати давлатҳои қонунӣ, парокандасозии ҷомеа,ба нестӣ кашидани амният ва субот мебошад. Давлатҳо бошанд, баръакс барои оромӣ ва амнияти мардум талош мекунанд. Аз ин хотир, нисбат додани террорист ба ин ё он давлат боиси таҳқир ва нофаҳмӣ мегардад.

Чаро гуфтан лозим аст: “Террорист давлат, миллат ва дин надорад”? Барои пешгирӣ аз тафриқаандозӣ ва адовати миллӣ; барои ҳифзи ваҳдат ва суботи ҷомеа; барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ; барои фаҳмонидан ба ҷавонон, ки ҳар гуна даъвати ифротӣ хатар дорад; барои мустаҳкам кардани мавқеи сулҳ ва ҳамзистии осоишта.

Терроризм офати ҷаҳонӣ буда, мубориза бар зидди он танҳо бо қувваи давлатҳо имконпазир нест. Ҳар як шаҳрванди ҷомеа бояд дарк кунад, ки ифротгароӣ ва терроризм ба ҳеҷ миллату дин ва давлат тааллуқ надорад, балки душмани тамоми инсоният аст. Танҳо бо дониш, ваҳдат, эҳтироми дин ва қонун метавонем аз ин хатар эмин бимонем ва барои наслҳои оянда ҷаҳони осоишта бунёд созем.

Додихудоева Дилафрӯз,

Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар саҳни бинои “Сирки давлатии Тоҷикистон”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.