Имрӯзҳо ки вазъи ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳида душвору пурпечутоб аст, нисбат ба мафҳуми терроризм ва террористу экстремист байни давлатҳо духӯрагиву бетарафиҳо ҷой дорад ва ин амалу мавқеъгирӣ барои реша давонидану густариши ифротгароӣ ва ба амалҳои нопоку даҳшатангез даст задани ҷавонони гумроҳ мегардад, мо бояд дар огоҳонӣ, ошкорсозӣ ва пешгирии ин амалҳои номатлуб сарҷамъона мубориза барем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози таъсисёбии давлати соҳибистиқлоламон нисбат ба масъалаи терроризм ва экстремизм муносибати оштинопазир дошта, имрӯзҳо Тоҷикистон дар сафи муборизони фаъоли муқовимат ба ин падидаҳои хатарафзо қарор дорад. Зеро мардуми тоҷик фоҷиаи даҳшатовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуд, ки омилҳои асосии он маҳз ифротгароии динӣ, дахолати созмонҳои тундрави хориҷӣ ва ба гумроҳӣ бурдани мардум буд. Нафароне, ки фирефтаи гурӯҳҳои экстремистӣ, волидони худро фаромӯш мекунанд ва рӯирост аз онҳо даст мекашанд.
Амалҳои террористиро хоинону ҷосусон аз рӯи нақшаҳои махсуси тарҳрезикардаашон ба анҷом мерасонанд ва ҳеҷ гоҳ роҳбарони асосӣ дар амали террористӣ бевосита иштирок намекунад ва ҳамеша дар паси парда мемонанд. Барои иҷрои ин амалҳои нангину даҳшатбор сарварону ташкилкунандагони гурӯҳҳои тундрав бо роҳҳои гумроҳ кардан, фиреб, ваъдаҳои пулию амволӣ шахсони осебпазир, муҳоҷирони меҳнатро моил месозанд.
Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоии интернет воситаи асосии ҷалб, намудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ гардидааст, ки хатари онро мо бояд ба зудӣ дарк намоем ва наздикону пайвандони худро аз ин хатари оммавӣ эмин нигоҳ дорем. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ, бо риояи қоидаҳо бояд истифода барем.
Ҳангоми интихоби дӯстон дар шабака бояд аз одамони ношиносу шубҳаовар худдорӣ намоем. Пеш аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ онро хуб омӯзем, зеро ифротиён сараввал ягон гурӯҳи маърифатӣ ё фарҳангию иттилоотӣ таъсис медиҳанд ва баъди пайдо намудани иштирокчиёни зиёд маводҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро ба он ворид месозанд.
Пеш аз ба зери расм, матн ё навор шарҳ навиштан, маъқул донистан ё ҳамовозӣ кардан бояд сараввал мазмуну муҳтавои онро дақиқ фаҳмида, ҳангоми хусусиятҳои ифротӣ, ҷудоиандозӣ, кинаву адовати миллию нажодӣ, динию мазҳабӣ ё зидди сохтори конститутсионии давлат будани мазмуну мӯҳтавояш, агар тавонем, мутахассис бошем, дар шарҳ нодурустии онро нависем ва исбот намоем, дар акси ҳол бояд аз ин амалҳо ҳатман худдорӣ намоем.
Шарҳ дода ҷонибдорӣ кардан, маъқул донистан ё ҳамовозӣ кардан ба маводҳои хусусияти террористию экстремистидошта ё ҷойгир намудани чунин маводҳо дар шабакаҳои интернетӣ, тибқи моддаи 3071 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии оммавии экстремизм бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет ҷиноят эътироф гардида, барои содир намудани он аз панҷ то даҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст. Барои саривақт ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта ҳангоми дар “Телеграмм”, “Инстаграм”, ”Вайбер”, “Ватсап”-и шумо пайдо шудани гурӯҳ, ки касе шуморо ҳамроҳ намудааст ва маводҳои диниву ифротӣ дорад, дарҳол бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод. Бо ин амалатон шумо пеши роҳи ифротгароиро, ки оянда ба терроризм мебарад, гирифта метавонед.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистию террористӣ манъ шудаанд ва рӯйхати онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст. Ҳама гуна робита бо ин ташкилотҳои мамнӯъ ҷиноят ва нафарони ба онҳо робитадошта ҷинояткор ҳисобида мешаванд.
Бо назардошти оқибатҳои фоҷиабору даҳшатафкан доштани ҷиноятҳои марбут ба экстремизм ва терроризм ба амнияту суботи мамлакат, оромиву осоиштагии шаҳрвандон бояд тамоми сокинони кишвар, зиёиён, хизматчиёни давлатӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ошкору пешгирӣ намудани он софдилона, бо масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ дастаҷамъона мубориза баранд.
Соибов Исроил,
сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Хадамоти муҳоҷират