• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ҳамчун таҳдид ба пешрафти ҷомеа

Migration Service by Migration Service
07.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муборизаи оштинопазир – алайҳи зуҳуроти номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.

                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

Муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм имрӯзҳо дар низоми давлатдории тамоми кишварҳо вобаста ба бехатарии миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ мавқеи муҳимро ишғол намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалалаи мазкур дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва экстремизми хушунатомез», ки санаи 3-юм ва 4-уми майи соли 2018 дар пойтахти азизамон роҳандозӣ гардид, ҳолати зиёдшавии ин амалҳои номатлубро қайд намуда, иброз доштанд, ки «Имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо ҷомеаҳои радикалии динӣ, миллатгаро ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ муттаҳид шуда, хусумат ва зӯроварӣ, хунрезӣ ва низоъҳои динӣ, конфессионалӣ, қавмӣ ва ҳатто зидияти байни тамаддунҳоро таҳрик мекунанд».

Бо ибтикори Ҳукумати кишвар ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳо ҷорӣ карда шудаанд. Дар асоси ин тағйиротҳо нафароне, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ агар ихтиёран то анҷоми ин задухӯрдҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳои худ вобаста ба мавзуи матраҳшаванда қайд менамоянд, ки ифротгароӣ аз як тараф агар доғи аср ҷиҳати хатари глобалӣ бошад, аз тарафи дигар ин ашхос на ватан доранду на миллату на дину мазҳаб. Аммо фаъолияти мусаллаҳонаи онҳо таҳдид ба ҳаёти орому осуда, давлати ободу рушдкунанда ва ҳар як сокини ин замин мебошад. Боиси қайд аст, ки ифротгароӣ ба дини ислом ягон умумият надошта, бо истифода аз номи ин дини пок фаъолияти ифротгароии худро ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ба роҳ мемонанд.

Бинобар ин, ба роҳ мондани нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати чораандешӣ намудан ва пешгирӣ намудан вобаста ба ҷалб нашудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо самти афзалиятнок дар нигоҳдории аққалиятҳои миллӣ, ҳифзи марзу бум ва давлати осоиштаву ороми мо мебошад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои маъмурию ҳуқуқӣ ҷиҳати коҳиш додан ва аз байн бурдани экстремизм ва терроризм ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, барномаҳои стратегии давлатӣ дар ин самт қабул карда шудаанд. Яке аз чунин стратегияҳо “Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” мебошад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст.

Самти афзалиятноки мубориза ба экстремизм ва терроризм ин афзоиш додани натиҷанокии фаъолияти соҳаҳои дахлдори давлатӣ, мукаммалгардонии ҳамкориҳои судманд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар кам намудани ҳолатҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дар ин асно рушди ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Моро мебояд, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан-модар тарбия намуда, онҳоро дар роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем, то ки онҳо дар зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Тоҷикистон ба пеш!», баҳри пешрафти кишвари азизамон, боз ҳам ободу зебо гардонидани он саҳми боризи худро гузоранд.

Алимардонов Ф,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

Previous Post

Дар ноҳияи Темурмалик корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид

Next Post

Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Next Post
Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.