• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм аз экстремизм сарчашма мегирад

admin by admin
05.07.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва оқибатҳои ин зуҳуроти марговари ҷомеа, аҳли башарро ба ташвиш овардааст.

Дар ҳақиқат экстремистон ва террористон афроди манқурт шудае мебошанд, ки шодиву нишот ва зиндагии осоиштаи мардумро дар муҳити фарҳангҳои гуногун чашми дидан надоранд. Бинобар ин онҳо дар ҳар гӯшаи олам ба тахрибкорӣ ва қатлу куштор даст мезананд, то дар дили башарият тарсу ҳаррос эҷод кунанд. Ҳадафи онҳо тағйири сохти давлатҳо ва ташкили зиндагии ба худ хос мебошад. Онҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ аз ҳама восита аз ҷумла, интернет истифода бурда сокинони ноогоҳро ба ҷангу ҷиҳод даъват мекунанд.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи решакан кардани ин зуҳуроти манфии ҷомеа мебошад. Ҳоло дар кишвари мо барномаи давлатӣ “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” амал мекунад, ки ҳадафи он пеш аз ҳама ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷангҷӯ мебошад.

Терроризм аз экстремизм сарчашма мегирад. Яъне инсон пеш аз он, ки ба террорист (даҳшатафкан) табдил ёбад, аввал экстремист мешавад. Дар ин давра рафтори зоҳирии ӯ дигар хоҳад шуд. Ифротгароҳои динӣ нишонаҳои зиёд доранд. Аз ҷумла, онҳо баъди пурра ба ҳаёти динӣ гузаштан, ҷуръат пайдо карда ҳаёти дунявии дигаронро маҳкум мекунанд. Арзишҳои демократиро хуш надоранд. Аз зебоӣ ва хурсандӣ дурӣ меҷӯянд. Як нишонаи дигари ин тоифа он аст, ки нангу номуси миллӣ надоранд ва ба ин далел ҳама гуна туҳмату таҳқиру дашномро дар ҳаққи гузаштагони худ қабул доранд. Ҳамин гуна баъзе шахсон зина ба зина ба сӯи терроризм по мегузоранд, ки онҳо дар натиҷаи мағзшӯӣ ба ин рӯз расидаанд.

Мағзшӯии динӣ ниҳоят нарм ва пардапӯшона сурат мегирад, ки барои дарки оқибати он хеле ҳушманду зирак бояд буд. Фарзи мисол аксар руҳониён мардумро бо қиссаҳои динӣ ба дунёбезорӣ (ин олам бақо надорад, марг дар гиребон аст, пулу моли дунёро дӯст надоред ва ғ) даъват мекунанд, ки дар натиҷа одамони сустирода аз зиндагӣ дилмондаю афсурдаҳол шуда, хеле осон ба доми мубаллиғони ҷиҳодгар меафтанд. Ё нақли қиссаҳои динӣ дар бораи ҷанги мусалмонҳо ва ғайримусалмонҳо ба он оварда мерасонад, ки кинаю адовати динӣ аз нав бедор шавад. Дар асл таблиғоти нодурусти динӣ сафи экремистону террористонро зиёд мекунад.

Новобаста аз ин ҳама, ҳоло дар кишвар беш аз 4 ҳазор масҷид амал мекунад ва ҳар сол ҳазорҳо нафар маросими ҳаҷро ба иҷро мерасонанд. Бо ин вуҷуд афроди манфиатҷӯ ба воситаи интернет шаҳрвандони ноогоҳ ва бехабарро мағзшӯӣ намуда, дар натиҷа онҳо таҳаммулпазирӣ ва асолати миллии худрро гум карда, қадам ба қадам ба сӯи гурӯҳҳои ҷангҷӯ мераванд.

Таҷриба нишон дод, ки бо сари қудрат омадани гурӯҳҳои терроистӣ ҳаёт ба маҷрои ҷаҳолату торикӣ баргашта, мушкилоти иқтисодӣ ба вуҷуд меояд. Зеро дар пушти гиру дори ҷонибҳои даргир давлатҳо ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ истода, бо истифода аз содалавҳии ҷавонон ҳадафҳои ғаразноки худро пиёда месозанд.

Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон кишвари дунявӣ буда, озодиҳои диниро кафолат медиҳад. Бинобар ин ҳеҷ зарурате нест, ки бо баҳонаҳои динӣ, ифротгарову даҳшатафкан шуд. Аммо бесаводӣ, ваъдаҳои пулӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, масҷидҳои ғайрирасмӣ, таҳсили динӣ дар хориҷ, сомонаҳои интернетӣ ва заифии таълиму тарбия омилҳое мебошанд, ки ба шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мусоидат мекунанд.

Хушбахтона дар пайи ба роҳ мондани корҳои оммафаҳмонӣ эҳсос мешавад, то ҷое ҷавонони мо ҳам дарк кардаанд, ки ҷангҳои динию мазҳабӣ дар кишварҳои олам бозии пасипардагии гурӯҳҳои манфиатҷӯст. Ҳар инсони огоҳ бояд дарк кунад, ки куштану ғорат кардан ё ҳисси бадбинӣ доштан нисбати касоне, ки бо ту ҳамақида нестанд, роҳи расидан ба биҳишт нест. Баръакс инсондӯстӣ, некхоҳӣ ва дасти фитодаеро гирифтан хоси инсони комил мебошад.

Аз ин рӯ, волидон бояд барои таълиму тарбияи фарзанди худ диққати асосӣ равон кунанд. Аҳли ҷомеа ва маориф бетараф набошад. Ҳама бояд дар ташаккули фарҳанги инсондустӣ саҳми худро гузорад. Танҳо бо роҳи илм омӯхтан ва дуст доштани ҳамаи одамон новобаста аз ақидаи динӣ метавон решаи экстремизм ва терроризмро хушк кард.

Абдураҳимзода Ҳасан,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Вахш

Previous Post

 Экстремизм: мафҳум, моҳият, хусусиятҳо ва оқибатҳои он

Next Post

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ

Next Post

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.