Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Истилоҳи экстремизм аз калимаи франсузии “ехtrеmismе” ва лотинии “eхtrеmus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз андоза гузаштан ва “терроризм” аз калимаи лотинӣ “tеrrоr” сарчашма гирифта, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Солҳои охир дар баъзе давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, ки ҳоҷат ба баён нест, ки ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ мешавад. Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмуӣ оид ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.
Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсия, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, инчунин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти пурзӯр намудани муққовимат ба терроризм ва экстремизм бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, аз ҷумла, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм”, “Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020”, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” ташкил медиҳад.
Ҳадаф аз онҳо пурзӯр намудани мубориза ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Мо бояд ба қадри давлати милливу истиқлоли он расем, якпорчагии мамлакат ва ваҳдати миллиро пос дорем ва ин неъматҳоро бояд аз бадхоҳони миллат ҳифз намоем ва барои пешгирӣ намудани амалҳои нангин, ҷалб кардан ва гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба гурӯҳҳои мусаллаҳонаи террористӣ ва экстеремистӣ, инчунин оид ба арзишҳои истиқлолият ва барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии ҷавонон, инчунин дастовардҳои даврони истиқлолият дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву оқилона ва ваҳдатсози Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, бояд аз ҳарвақта дида бештар дар байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем.
Бо дарназардошти он ки шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ва ватандӯсту меҳанпараст лозим аст, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри фош намудан ва пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошанд. Пеш аз ҳама, дар ин кор саҳми падару модарон бояд назаррас бошад. Агар падару модар доимо аз аҳволи фарзанди хеш бохабар бошаду ӯро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоянд, чунин фарзанд ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад.
Мо насли ҷавон зери боли Тоҷикистони соҳибистиқлол камол ёфта, соҳиби касбу маълумот гардидаем зуҳуроти номатлуби замон терроризму экстремизмро сахт маҳкум мекунем. Мо ҷавонон Ватани азизи худ, Тоҷикистони соҳибистиқлолро сидқан дӯст дошта, бояд баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани диёри хеш саҳмгузор бошем. Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст.
Назарова Сулҳия,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт