Терроризм як навъ маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор менамояд.
Барои ба даст овардани ҳадафҳо террористон, аз тамоми роҳҳо истифода мебаранд.
Мутаассифона, ба доми макру фиреби ифротиён афтидани иддае аз ҷавонони тоҷик, ба амалҳои террористӣ ҷалб гаштани онҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки наврасону ҷавонони мо гумроҳ мешаванд.
Террористон ҷавонони камтаҷриба, ноогоҳро зуд ба доми найрангҳои хеш ҷалб карда метавонанд.
Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баланд бардошта шавад, то ки қурбони дасиссаю фиреби бадхоҳон нагарданд.
Имрӯз нақши муассисаҳои таълимӣ дар маърифатнок намудани наврасону ҷавонон бағоят муҳим бояд бошад.
Терроризм воқеан душмани ақлу хирад асту ифротгароён бо амалҳои манфури худ дар дили инсоният тарсу ваҳм, дар фазои рӯзгор ҷаҳлу торикиро парваридан мехоҳанд.
Вале ҳақиқат ин аст, ки офтобро ҳаргиз бо доман пӯшида намешавад.
Олимону фозилон, донишмандону соҳибхирадон ҳамеша бо чароғи ақлу дониш роҳи зиндагии мардумро мунаввар сохтаву ба одамон рӯшноиву зиё мебахшанд.
Дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дорад, барои ин гуна зуҳурот сарҳад, миллат, дин, муқаддасоти дигар вуҷуд надорад.
Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугўи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.
Бояд иқрор шуд, ки имрўз ягон кишвар аз хатари терроризм эмин нест ва яке аз роҳҳои аз байн бурдани хатари ин падидаи манфур дастҷамъона мубориза бурдани кишварҳои ҷаҳон ва бартараф намудани сабабҳои пайдоиши он мебошад.
Имрӯз бояд ҳар яки мо бетарафӣ накарда, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза барем.
Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем, ба ҳадафҳои дар наздамон гузошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе