• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм – экстремизм миллат ва давлат надорад

Migration Service by Migration Service
27.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм – экстремизм миллат ва давлат надорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлоли давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин иваз кардани сарвари давлат ва ё дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад. Дар давраи ҳозира, мутаассифона, дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад.

Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар  надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.

Гулмаҳмадзода Шамшод,

Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.