• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ин хатари ҷиддӣ мебошад!

Migration Service by Migration Service
15.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муборизаи оштинопазир – алайҳи зуҳуроти номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан, аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ танҳо бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан, истифода баранд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои терроризмро биомузанд ва барои рафъи он кушиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Имрӯз, яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Худи мафҳуми “терроризм” ин маънои даҳшат, зӯроварӣ, тарсу воҳимаро дошта, моҳияти мақсадҳои зиддиинсониро ифода менамояд. Даҳшат ва зӯровариву ситам дар ҳар давру замон ҳамчун воситаи муборизаи сиёсии гурӯҳҳои гуногуни иртиҷоӣ буд. Аммо яке аз хусусиятҳои терроризми байналхалқии муосир он аст, ки ҷараёни мазкур бештар дар кишварҳои исломӣ рушд меёбад. Мутаассифона, терроризм дар зери ниқоби дини муқаддаси ислом ба амал бароварда мешавад, ки ба ислом ягон робитае надорад.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият, ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро дар ин самт масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон, яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза -терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо қайд менамоянд, ки: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Масъалаи терроризм ва ба ҳаракатҳои ифротӣ рӯ овардани одамон, махсусан ҷавонон, ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти Олии кишвар қарор дошта, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои ҳарсола ба таври амиқу даққиқ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ва ҷаҳон ташкил додани низоми ягона ва муосир мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Ҳамин тариқ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Бояд ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ, масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиром намоянд.

Шерализода Носиралӣ,

Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Мубориза ва муқовимат ба экстремизму терроризм, ин кори дастаҷамъист!

Next Post

Мулоқот бо донишҷӯёни Литсейи касби техникии ба номи академик М. Осимӣ

Next Post
Мулоқот бо донишҷӯёни Литсейи касби техникии ба номи академик М. Осимӣ

Мулоқот бо донишҷӯёни Литсейи касби техникии ба номи академик М. Осимӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.