Терроризм як амали зиддиҷамъиятӣ ва зӯроварӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни ифротӣ нигаронида шудааст. Он бо истифода аз усулҳои шадид ва ваҳшиёна, аз қабили ҳамла ба одамони бегуноҳ ё сохтани асбобҳои тарканда хос аст.
Терроризм махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи башарият гардидааст. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амну амонӣ эҳсос намояд. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетарф нест. Сари ин масъала ҳама рӯза ҳукумати кишвар андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти худ қарор додааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ин робита иброз доштанд, ки “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда маҳсуб мегардад. Азбаски қисмати асосии аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, бешубҳа, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои чунин зуҳурот хеле муҳим мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Тероризм ва экстремизм бадбахтии бузург барои тамоми башарият буда, як ҷинояти зидди инсон ва амнияти умумӣ мебошад, ки бояд бар зидди он муборизаи қатъӣ баранд”. Аз ин гуна, изҳороти роҳбари кишвар бармеояд, ки мубориза бо тероризм як масъулияти коллективӣ ва ҷамъиятии аст, ки ниҳоят барои таъмини амният ва оромии ҷомеа зарур аст. Маҳз маҳзияти тероризм ва хатарҳое, ки он бо худ ба миён меорад, сабаб шудааст, ки бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бар зидди он муборизаи дастаҷамъона ба роҳ монданд.
Кишварҳои ҷаҳон ба хубӣ дарк мекунанд, ки танҳо бо ҳамкории ҳамаҷониба ва пайгирии муштарак метавонанд ба муваффақият дар муқобила бо терроризм ноил шаванд. Тероризм ҳамчун амали хатарнок на танҳо ҷомеа, балки ояндаи ҷавонон ва фарзандони мо барои ташаккул ёфтани ҷомеаи солим ва осоишта метавонад хатарнок бошад.
Ба ҳамин тариқ, тамоми гурӯҳҳои ҷамъиятӣ масъуланд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва пешгирӣ аз паҳншавии терроризм иқдомҳои муассир ва пайваста дошта бошанд. Мо ҷавонон дар Ватани тинҷу ором, зери осмони софу беғубор осудаҳолона зиндагӣ мекунем. Ҳифзи амонии ватан корест, ки ба ҳар сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе