• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ва экстремизм амалҳои ғайриинсонист!

Migration Service by Migration Service
11.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм ва экстремизм амалҳои ғайриинсонист!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш аз ҷумлаи: таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият, буда оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Экстремизм ба тартиботи ҷамъият хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ мояи ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин рӯ ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва дар мутамаддитарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир, бидуни пешрафти илму техника, рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омӯзишу олами нопайдоканори коинот, масъалаи терроризм ва ифродгароӣ ҳанӯз хатарҳо ташвишовар ва даҳшатафкан боқӣ мемонанд.

Дар шароити имрӯза терроризм ва эктремизм ҳамчун падидаи номатлуб на танҳо ба амалиёти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он хеле ҷиддӣ ба назар мерасад. Аз ин хотир, ҳифзи шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроту хатарҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ ва сулҳпарвар мебошад.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин,аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ифодагари мақом ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст.

Пас аз қабул шудани ин санад яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардад.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзишиилму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоиятиқонун ташаккул бояд ёфт.

Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Пирова Дилноза,

Ҳамоҳангсози МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ҷавонон бояд ташаббускори амалҳои созанда бошанд

Next Post

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН ВА ПУШТИБОНИ МИЛЛАТ

Next Post
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН ВА ПУШТИБОНИ МИЛЛАТ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН ВА ПУШТИБОНИ МИЛЛАТ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.