• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ва экстремизм – хатар ба ҷаҳон

Migration Service by Migration Service
01.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм ва экстремизм – хатар ба ҷаҳон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҷаҳони муосир яке аз хатарҳои бузурге, ки ба оромӣ ва суботи ҷомеа таҳдид мекунад, ин терроризм ва экстремизм мебошанд.

Мутаассифона, имрӯз ин зуҳуроти хатарнок бо истифода аз техникаҳои муосир, шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои иттилоотӣ шаклҳои нав касб намудаанд. Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд: “Терроризм ва экстремизм вабои асри нав буда, барои инсоният хатаре ба маротиб бештар аз ҳама гуна ҷангҳост. Мо бояд ба ҷавонон шинос намоем, ки зери пардаи дин ва идеологияи бардурӯғ чӣ гуна бадии бузург нуҳуфтааст.” Ин суханон баёнгари онанд, ки мубориза бо ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст мебошад.

Бештари ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки гуруҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавононе истифода мебаранд, ки дониш ва ҷаҳонбинии нокофӣ доранд ё аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазиранд. Бо ваъдаҳои бардурӯғ — гуё зиндагии беҳтар онҳоро ба доми худ мекашанд. Мисоли равшан чанд соли пеш гуруҳе аз ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми таблиғгарони ифротгаро афтода, ба кишварҳои хориҷӣ рафта буданд. Бо кӯшиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаҳмондадиҳии волидайн, баъзе аз онҳо ба Ватан баргашта, аз кирдори худ пушаймон шуданд.

Дар пешгирии ифротгароӣ нақши муассисаҳои таълимӣ, махсусан омӯзгорон, ниҳоят муҳим аст. Муаллим метавонад дар шогирд ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва худшиносии миллиро тарбия намояд. Мо бояд ба насли наврас омӯзем, ки Ватани озоду соҳибистиқлол — неъмати бузург аст ва ҳеҷ як идеологияи бегона арзиши сулҳу суботро надорад. Пешвои миллат гуфтаанд: “Ҷавонон бояд посдори арзишҳои миллию фарҳангии хеш бошанд, фирефтаи дасисаву ваъдаҳои бардурӯғи душманони давлату миллат нагарданд.” Ин суханон роҳнамои мост, то ба шогирдон на танҳо дониш, балки ҷаҳонбинии дурусти ватандӯстона омӯзем.

Оқибатҳои терроризм ва экстремизм, амалу андешаҳои ифротгароёна бисёр фоҷиавиянд харобии кишварҳо, марги бегуноҳон, беодамӣ, бадномии миллат ва бехона мондани ҳазорҳо одамон. Мисолҳои воқеӣ — фоҷиаҳои Афғонистон, Сурия ва дигар кишварҳо, ки солҳо боз аз фоҷиаҳои ҷанг ранҷ мебаранд. Ин давлатҳо замоне сарзаминҳои обод буданд, вале бо сабаби пайравӣ аз гуруҳҳои ифротгаро ба майдони ҷанг ва нестӣ мубаддал гаштанд.

Барои пешгирии чунин ҳолатҳо ҳамкории оила, мактаб, ҷомеа ва давлат зарур аст. Волидайн бояд ба ахлоқ ва муҳити дӯстии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, омӯзгорон бояд дарси ватандорӣ ва сулҳпарвариро бо эҳсоси баланди масъулият дар қалби шогирдон ҷой диҳанд. Терроризм ва экстремизм душмани инсоният аст. Танҳо бо ваҳдат, илму маърифат, ҳисси миллӣ ва тарбияи солими насл метавонем аз он ҷилавгирӣ намоем.

Авазов М,

Корманди масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Next Post

Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар як шаҳрванд

Next Post
Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар як шаҳрванд

Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар як шаҳрванд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.