Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, фаҳмиши он дар бораи содир кардани ҷиноятҳои ғаразнок нисбати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва қобили қатлу куштори инсон, ба гарав гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ ва монанди инҳо мешаванд.
Экстремизм аз воҷаи фаронсавӣ “extremisme” ва лотинӣ “extremus” гирифта шуда маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравоӣ, фикру ақидаҳо ва амалҳои тундравонаро дорад. Экстремизм бошад ин худ хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезаро доро буда, бо терроризм алоқаи ногузостанӣ дорад. Инчунин, дар умум ҳарду бо ислоҳ комилан хатари калон буда оқибатҳои парокандагӣ, бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар дорад.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, ин мафкураи зуроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки ба тарсонидани аҳли ҷомеа ва ё шакли дигар зуроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд.Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои дигарро касб карда, домани он васеъ гардида тарзҳои содир кардани ҳамлаҳои террористӣ ва фикру ақидаҳои онҳо тағйирёбандаанд.
Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумубашарӣ боқи монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки бо суръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.
Мутассифона, дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусуломонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст, ки амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Ҳисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.
Чуноне, ки Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, ки “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳи он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надорад.
Оиди ин падидаҳои номатлуби мубрами рӯз ҷавонон бояд ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гаҳвараки чашм эҳтирому нигоҳ доранд, чун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳамагуна хатар терроризму экстрамизм бо роҳи пешбини намудани қонунгузорӣ мубориза баранд.
Солиев М,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод

