Яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, экстремизм ва терроризм мебошад. Қурбони терроризм асосан ҷавонон мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракиро аз даст надода, сабабу омилҳои пайдо шудани гуруҳҳои ифротгароии террористиро биомӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш намоянд, то сулҳу Ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст : “Ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меорад. Истифодаи он мақсади ҷисман бартарафкардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад”.
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан, гуруҳҳои дигари этикӣ аз ҷониби ҷомеа мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварда, мумкин ба ифротгарӣ сабзида расад. Боз як сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани чунин падидаҳои номатлуб ин бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ таълиму тарбияи нокифояи насли наврас мебошад.
Мо кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги миллӣ сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин, дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо – ҳанафия донишҳои динии ҷавононро боло бардорем.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он, ҳадаф, мазмун ва амали ин зуҳурот комилан хилофи руҳ, аз ҷумла дини ислом аст. Терроризм ба пиндори ман дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худованду бандагон аст”.
Барои пойдории сулҳу субот, оромию осудагӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳисси ватанхоҳову инсондустӣ тарбия кардани ҷавонон ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он нақши муҳимро мебозад.
Исфандиёр Сироҷов,
сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон