Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри бонуфӯзи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷаҳони муосир бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои охир ва ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба муборизаҳои беамон задаанд. Ин бархурдҳо дар манотиқи гуногуни дунё шакл, мазмун ва муҳтавои хос ба худ касб намудаанд. Аз ҷумла, барои кишварҳои манотиқи Осиёи Марказӣ зиёд хеле фаъол гардидни созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қобил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш пеш аз ҳама ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Аммо дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол мушкилоти зиёде боқӣ мондааст.
Хуб надонистани забон, расму русум ва фарҳанги мардуми кишвари қабулкунанда, паст будани сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи хамидаи як қисмати муҳоҷирони корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд ба воситаҳои иттилоотии ватани худ бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷавонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад. Оҳиста-оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рӯзмарра аз қабили бекор мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои будубош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвар ва даст задан ба ҷинояту амалҳои ғайриқонуни ба гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.
Ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ хос мебошад аз ҷониби дигар аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг мубтало гарданд.
Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош мекарданд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддиашон ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди инсониро барои худ аз дигарон эҷод намуда, аслан ояндаи хешро сиёҳ месозанд.
Ин воқеияти талх кормандони Хадамоти муҳоҷиратро вазифадор менамояд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дассисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намояд.
Борониева Сакина,
Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе