Имрӯз яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҷомеаи ҷаҳонро сахт нигарон кардааст, ин мушкилоти пайвастшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои хатарзои террористиву экстремистӣ мебошад. Моро мебояд, ки ҳамеша ҳушёр бошему зиракиро аз даст надиҳем ва насли наврасро дар руҳияи ватанпарастию ватандустӣ тарбия намоем, то ки ғуломи ҳаргуна зуҳуроти номатлуб нашаванд.
Ҳамин тариқ барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳама қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ баҳри пешгирии он мубориза барем. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми нопоки худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Мақсади асосии террористон ба таври зуроварӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои ифротгароёна ҳукумронӣ намудан аст.
Мо ҳамчун миллати бофарҳанг ва бофазлу дониш дар таърих сабт гаштем, набояд фирефтаи амалҳои ташкилоти экстремистӣ гирифтор гашта, ҷони худ ва авлодамонро дар хатар гузорем ва номи миллатамонро паст бизанем. Зуроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задании шаъну шарафи инсон хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа эътирозро ба вуҷуд меоранд, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.
Ба ҳадафҳои сиёсӣ расидани баъзе ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешавад, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Моро мебояд дар тарбияи насли наврас бетараф набуда, баръакс тарбияи насли ҷавонро пурзур намоем, ки ба ҳаргуна равияҳои номатлуб шомил нашаванд, номи хеш ва шаъну шарафи инсонро доғдор насозанд.
Толибова Ф.,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом